Маълумоти охирин
Главная / Илм / Мучтас

Мучтас

Номи яке аз бахрхои фаръии аруз. Ин бахрро барои он Мучрим меноманд, ки шакли мусаддаси онро аз хафиф барканда гирифтаанд. Шакли мусаддаси рукнхои Мучрим ва рукнхои солими бахри хафиф ба хам монанд буда, факат аз чихати тартиби чойгириашон фарк мекунанд. Агар дар хафиф рукни мустафъилун дар байни ду фоилотун омада бошад, дар Мучрим рукни мустафъилун дар аввал оварда мешавад. Барои сохтани дигар навъхои Мучрим аз рукни мустафъилун зихофхои махбун—мафоилун; марфуъ — фонлун ва аз рукни фоилотун зихофхои махбун — фоилотуи; махбуни максур — фаилон’ махбуби ‘ махзуф — фаилун; машкул фаило­ту; мактуъ (аслам)— фаълун; мактуи (аслам) мусаббаг — фаълон; мушаас — мафъулун; мачхуф — фа; мачхуфи мусаббаг — фоъ истифода мешаванд. Дар натичаи омозиши зи- хофхон рукнхои солими Мучрим шаш навъи вазни он дар шакли мусамман ХОСИЛ мешавад. Шаклхои мусаддасу мураббаъ, инчунин шакли солими Мучрим (мустафъилун/фоилотун/ мустафъилун/фоилотуш) мустаъмал нагардидаанд. Мучрим дар адабиёти форс- точик аз бахрхои серистеъмол буда, аксари шоирони гузаштаю имрузаи мо дар ин бахр шеъри зиёде гуфтаанд. Мисолхо барои Мучрим : Мучримии мусаммани махбун: (V—V—/V V            /V—V—/VV ) Кадом гул, ки ба хуби зи бог руста барояд, Миён ба хидмати ту бандавор баста барояд.                                                                 (Айни). Мучримии мусаммани махбуни максур: (у_у—/VV     /V—V—/Vv~) Дило на ишк, на оташ, на офтобу замин, Надорад ин хама кувват, ки халк бо Ленин.                                                               (М. Рахими). Мучримии мусаммани махбуни мактуъ: (V—V—/VV /V—V—/       ) Мушавваш аст дилам аз карашмаи Салмо, Чунон ки хотири Мачнун зи турраи Лайло. (Рудаки). Ад.: Б е р т е л  с Е. Э., Грамматика персидского языка., Л., 1926; Б а хром Сирус, Арузи точики. Д., 1963; Зехни Т., Санъати сухан. Д., 1979; Картинки по запросу Старинный папирус

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …