Маълумоти охирин
Главная / Илм / Мучириддини Байлакони

Мучириддини Байлакони

Мучируддини Байлакони Абулмакорим (соли таваллудаш номаълум — вафот байни 1190 -1193), шоири форс-точик. Аз оилаи камбагал. Тахти рохбарии Хокони дар Шервон илми адаб омухтааст. Дар дарбори илдигизиён Мучириддини Байлакониро ба ифшои сирри давлат айбдор мекунанд, вале осебе расонда наметавонанд. Баъдтар аз дасти ганиме дар хаммом кушта шудааст. Аз эчодиёти Мучириддини Байлакони танхо як де­вон мондааст, ки онро ба се таксим кардан мумкин. Кисми 1 — касидахое, ки дар сабки хуросони бо як хиссиёти баланд бо забони васеху равон эчод шудаанд. Кисми 2—касидахое, ки шоир таклидан ба услуби мураккабу душворфахми касидахои Хокониву Абдулвосеи Чабали гуфтааст ва асосан аз мадх, васфи ошику маъшук, ишк ва манзарахои табиат иборатанд. Кисми 3 — «дар мазаммати дунё» буда, аз шеърхои хузнангез ва эътирозомез иборат аст.

Масалан:

Фалак чарог дар ангушт карда мегардад,

Ки ганчи хонаи умри ту чун кунад ягмо.

Бикуш ба охи сахаргох чарогашаз паи он,

Ки дузд сахт харис асту хона пурколо.

На вакти такяву хоб асту мор бар болин.

На чои нузхату айш асту марг бар боло!

Ад.: Адабиёти форсу точик дар асрхои XII—XIV, Д., 1976.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …