Маълумоти охирин

Муъмин Каноат

Муъмин Каноат (Каноатов Муъминшох; таваллуд 20. 05. 1932, дехаи Курговади pайони Калъаихум Вилояти Автономии Бадахшони Кухи), шоири советии точик. Аз оилаи дехкон. Азпадару модар барвакт ятим монд. Хешовандон ва мактаби совети тарбият кардаанд. Аз соли 1962 аъзои КПСС. УДТ-ро хатм кардааст (1956). Фаъолияти мехнатиаш низ аз хамон сол cap шудааст. Солхои 1956—1961 мудири шуъбаи назми журнали «Шарки сурх» (холо «Садои Шарк»), 1961—1966 котиби масъули он буд. Ба сифати му- харрири калони нашриёти «Ирфон» низ кор кардааст (1967—1968). Коби- лияти ташкилоти ва истеъдоди балаиди шоирии Муъмин Каноатро ба назар ги­рифта, уро ба Правленияи Иттифоки нависандагони Точикистон ба кор гузарониданд. Солхои 1968—1976 муовини раиси Правленияи Иттифоки на- висандагони Точикистон буд. Аз соли 1976 котиби якуми ИН Точикистон. Котоби Правленияи ИН ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ (аз соли 1978). Муъмин Каноат хизмати давлати, фаъолияти чамъияти ва кори эчодиро бомуваффакият ба хам барбастааст. Эчодиёти Муъмин Каноат аз охири солхои 50- ум огоз ёфтааст. Аввалин шеърхои у дар газетаи райони Гарм («Хаёти нав») дарч шудаанД. Солхои тахсилаш дар мактаби оли дар газетаю жур­налхои республикави, сипас дар матбуоти маркази шеъру достонхои у мунтазам интишор меёбанд. Нахустин мачмъаи шеърхои Муъмин Каноат «Шарора» (1960) ном дорад, ки аз лири­каи граждани ва ишки фарохам омада, зухуроти дарки реалнетонаи вокеият мебошад. Аз паи он китобхои дигари Муъмин Каноат «Ситорахои замин», «Мавчхои Днепр» (1964, мукофоти комсомоли РСС Точикистон, 1966), «Достони оташ» (1967), «Корвони нур» (1970), «Сарчуи сабз» (1975) ва дигар интишор ёфта, мавкеи Муъмин Каноатро хамчун шоири лирик ва достонсаро дар таърихи назми сермиллати со­вети мустахкам карданд. Мавзуъхои асосии шеърхо ва достонхои Муъмин Каноат васфи Ватан, мехнати бунёдкоронаи халк, дусти ва хамкории бародаронаи мардумони гуногунмиллати совети, корнамоихои баходуронаи халки совети, ишку чавони ва амсоли инхо мебошанд. Чахонбинии васеи коммунисти ва махорати шоири, диди равшани эстетики ва эхсосоти амихи граждани такозо кардаанд, ки Муъмин Каноат чи мавзуъхои милли ва чи гайримиллиро хамчун мавзуъхои ба дилу нияти худ наздик тадкик, намояд ва асархои оригинали ба майдон оварад. Назари интернатсионалии шоир имкон додааст, ки у дар тахлили бадеии вокеияти милли чихатхои интернатсионалии хаёти моро кашф намояд ва дар тадкики масъалахои гайримилли низ аз чанбаи милли канда нашавад. Муъмин Каноат дар харду маврид хам хусусиятхои муштараки рузгори сотсиалисти, ягонагии чихатхои милли ва интерна­тсионалии вокеияти советиро тасвир карда, ба чамъбастхои реалистонаи хаёт муваффак шудааст. Агар дар “Достони оташ”, “Падар” (1976) ва “Точикистон —исми ман” кумаки халкхои рус ва украин дар рохи озодию истиклолияти халки точик ва сохтмонхои азими коммунисти, чунончи сохтмони ГЭС-и Норак ва дар достони “Китобхои захмин» дар шароити сахти солхои Чанги Бузурги Ватани (1941—1945) хам барои Точикистон чун гамхории бародарона китобхои дарси чоп кардани коргарони Ленинград тасвир шуда бошад, пас ба мавзуъхои хорича — каробат ва пайванди доринаи халкхон точик, афгон, Эрон ва Покистон низ мурочиат карда, сил-силаи шеърхои «Созхои Шероз» (1971), «Аз дафтари Покистон», “Аз дафтари Афгонистон”-ро (1980) ба майдон овард. Шоир масъалахои таърихи ва мавкеи шахсиятхои бузургро дар тараккии илму маданият, хиссаи нобигахои халки точикро дар инкишофи тафаккури халк ва тамаддуни чахони аз дидгохи имруза реалистона хал карда, достони «Гахвораи Сино»-ро (1979) ба вучуд овард, ки дар он образи човидонии хаким, мутафаккири забардаст, до- нишманди комуси ва шоири мумтоз Абуали ибни Сино дар сахни хаёти ичтимои ва илмию мадании асри 10 санъаткорона акс ёфтааст. Муъмин 1C жанрхои бадеии эчодиёти худро васеъ карда, дар асоси достони “Суруши Сталинград” асари драмавие ба майдон овард, ки онро театри чавонони Точикистон ба сахна гузошт (1980). Бо хуруфоти араби достони “Суруши Сталинград” (1973) ва “Гахвораи Сино” (1980) ва як катор шеърхои дигари у ба табъ расидаанд. Осори бадеии Муъмин Каноат намунаи дурахшони дар тачрибаи эчоди татбик гардидани принсипхои олии партиявияти коммунисти, халкияти хакики ва гражданият ба шумор меравад. Аз чихати жанр эчодиёти Муъмин Каноат асосан аз лирика ва достон иборат аст. Лирикаи шоирро шеърхои граждани, ишки ва манзарави ташкил медиханд. Достонхои у ли­рики («Мавчхои Днепр», «Падар»), лирикии эпики («Суруши Сталин­град»), фалсафи («Гахвораи Сино») мебошанд, ки дар онхо чихатхои ли­рики ва эпики ба хам печида, вохиди том ва сюжети яклухтро ба вучуд овардааид. Услуби осори Муъмин Каноат реалистист, аммо шоир дар рохи тасвиру тадкид ва чамъбасти бадеии вокеият аз услубхои романтики («Достони оташ») ва рамзи («Точи­кистон— исми ман») низ мохирона истифода мебарад. Асархои Муъмин Каноат ба забони руси кариб пурра тарчумаю нашр шудаанд. Аввалин мачмуаи у ба забони руси «Роххо ва болхо» (1964) буд. Минбаъд ба чуз нашрхои алохидаи достонхои шоир, китоби шеъ­ру достонхои у дар нашриётхои Мо­сква мураттаб интишор ёфтанд: «Мавчхо» (1966),  “Корвони нур” (1970), “Суруши Сталинград” (1973), “Нур дар куллахо” (1976), “Гахвораи Сино” (1982) ва гайра. Шеъру дос­тонхои Муъмин Каноат  ба забони дигар халк- хои ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ низ таркума шудаанд. Ба забони казоки китоби у “Мавчхои Вахш” (1973) ва ба киргизи пахни унвони «Суруши Сталинград» (“Ста­линград ундору”, нашриёти “Кыр­гызстан”, Фрунзе, (1980), достонхои “Достони оташ”, “Суруши Сталин­град”, «Точикистон — исми ман» ва бисёр шеърхои у интишор ёфтааст. Ба  забони узбеки мачмуаи шеърхои  бо номи “Эътикодим” (“Этикоди ман”) соли 1981 нашр шудааст. “Суру­ши Сталинград” соли 1979 ба забони карокалноки ба табъ расид. Шеъри у “Ёд”, порча аз достони “Гахвораи Сино” дар мачмуаи “Назми совети — 1907” ва достони “Суруши Сталин­град” дар Булгория дар нашриёти “Народная култура” ба табъ расидаанд. Дар Эрон шеъри Муъмин Каноат “Ману шабхон бехоби” (мачаллаи “Сухан”, давраи хафтдахум, озармохи 1346) чоп шудааст. Дар РДГ, Полша, Че­хословакия, Афгонистон, Хиндустон, Покистон, Юнон, Тунис низ асар­хои Муъмин Каноат ба забони халкхои мамлакатхои мазкур ба табъ расидаанд, ки аз шухрати ашъори рангину дилнишини шоир шаходат медиханд. Худи Муъмин Каноат низ шеърхои В. Маяков­ский, С. Есенин, У. Шекспир, Ф. Шиллер, А. Мискевич, Т. Шевченко, У. Сулаймонов, Ю. Мартсинкявпчюс ва дигаронро ба точики гардонидааст. Маколахои публисистии Муъмин Каноат  дар газетаю журналхои маркази ва республикави дарч мешаванд. Муъмин Каноат хамчун шоир ва ходими дав­лати хамрохи нависандагони совети ба Эрон, Алчазоир, Лубнон, Тунис, Булгория, Покистон, Хиндустон, Ку­ба, Яман, Афгонистон ва дигар мамлакатхо сафар кардааст, ки ин сафархо ба чахонбнии ва эчодиёти у таъсири мусбат расонда, мохияти интернатсионалии осори шоирро амиктар гардонидаанд. Муъмин Каноат депу­тати Совети Олии ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ (даъвати 10—11), раиси Комитети республикавии мухофизати сулх, аъзои Президиуми Комитети мудофиаи сулхи ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ, аъзои Бюрои Комитети советии робитахо бо нависандахои мамлакатхои Осиё ва Африка ва раиси Коми­тети, республикавии он, аъзои Коми­тети Мукофотхои ленини ва давла- тист. Бо орденхон “Нишони Фахри” (1964),  Байраки Сурхи Мехнат (1982), медалхои “Барои мехнати шучоатнок. Ба муносибата 100-солагии рузи таваллуди В. И. Ленин” (1970), “Барои шучоати мехнати» (1975), бо Грамотахои Президиуми Совети Олии РСС Точикистон ва РСС Белоруссия, бо Нишони фахрии КМ ВЛКСМ “Барои иштироки фаъолона дар кори комсомол” муко- фотонида шудааст. Лауреата Мукофоти Давлатии ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ (1977) ва Мукофоти давлатии ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ Точикистон ба номи Рудаки (1960)-. Уэви ИН ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ аз соли 1901. Ое.: Суруши Сталинград. Точикис­тон — исми ман, Д., 1879; Осори мунта- хаб, ч..-хои 1—2, Д., 1982; Голоса Сталин­града. Материнский лик, М., 1977.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …