Маълумоти охирин
Главная / Биология / Мори ШИБО

Мори ШИБО

ШИБО, морхои шибо (Viperi-dae), як навъ мори захрдорест; аз руи таснифи илми як оилаи морхои захрдорро низ гуянд. Устухони чоги болои морхои шибо кутох ва харакатнок буда, дар охиращш як ё ду дандони калони найчашакл дорад, ки ба гадудхои захрбарор пайваст аст. Ш. 10 чинс дорад, ки кариб 60 намудро муттахид мекунад. Дар Европа, Осиё ва Африка (гайр аз Мадагаскар) пахн шудааст. Морхои шибо аз замони миоцени давраи неоген маълуманд. Аксари онхо дар руи замин зиндаги мекунанд. Ш. хангоми тахдиди хатар халка гашта, фашшоси баланд мезанад. Гизои морхои  шибо хайвоноти мухрадори хурд аст; баъзеашон хашарот мехуранд. Онхо асосан тухмзиндазоанд.

shibo

Чинси худи шибо (Vipera) 11 намудро дар бар мегирад, ки аз он 6 намудаш дар СССР маскун аст. Ш.-и мукаррари (V. berus) то 75 см дарози дошта, хокистарранг ё буртоб мешавад; тахтапушташ рахи качу килеби сиёхча дорад. Дар минтакаи бешазори Европа ва Осиё (аз нимчаз. Пиреней то Сахалин) пахн шудааст. Гизояш хояндахои хурд, курбока ва баъзан калтакалос мебошад. Мори чаъфари (V. ursini ва V. raddei) нисбатан хурд аст. Taxтапушти Ш.и кавкази (V. kazna-kovi) сурхи норинчи буда, рахи сиёхи качу килеб дорад. Ш.-и шохдор (V. ammodytes) дар нимчаз. Балкан. Осиёи Хурд ва Закавказия пахн шудааст. Гурза асосан дар Африкаи Шимоли, Закавказия ва нохияхои чан. Осиёи Миёна дида мешавад.

Захри Ш. асосан ба хун таъсир карда, боиси марги одам ва хайвонхои калон шуданаш мумкин. Захри Ш.-ро дар тиб истифода мебаранд.

Ниг. низ Морхо.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …