Маълумоти охирин
Главная / Илм / Мисик Василий Алек­сандрович

Мисик Василий Алек­сандрович

Мисик Василий Алек­сандрович (таваллуд 24. 07. 1907, дехаи Новопавловка, хозира pайонини Межевский, вилояти Днепропетровск), шоири советии украин. Шуъбаи форсии Техникуми шаркшиноси (1932) ва факултети физика ва математикаи Университети Харковро тамом кардааст (1956— 1957). Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани. Аввалин шеърхояш соли 1923 нашр шудаанд. Дар мачмуъа «Гиёххо» (1927) андешахои файласуфонаи шо­ир ифода ёфтаанд. Мисок ба Осиёи Ми­ёна, аз чумла ба Точикистон ду бор сафар кардааст (1932, 1957), ки дар натича назми у бо мавзуъ ва охангхои нав бой гардид (мачмъа. «Бинокорон», 1933; «Турксиб», 1933). Пас аз чанде мачмъахои «Шеърхо» (1962), «Куллахо» (1963), «Сиёхпайрахахо» (1966), «Сахро» (1970)-и Мисик нашр шуданд, ки дар онхо у пайваста оид ба масъулияти шахсии инсон дар рохи сулх, зарурати фаромуш накардани сабакхои таърих ва ривоч додани анъанахои неки халки худ андеша меронад. Мисики таргибгари адабиёти классики ва советии точик мебошад. У осори Рудаки, Фирдавси, Хайём, Носири Хусрав, Саъди, Хофиз, Чоми, Сайидо, Лохути ва дигаронро бевосита аз забони точики ба украини тарчума кардааст. Мисик соли 1962 «Мунтахабот»-и Рудакиро ба забони украини ба табъ расонд. Мисик дар тарчумаи рубоиёти Хайем хидмати намоёнро ба чо овард. У 306 рубоии Хайёмро тарчума намуд, ки дар силсилаи «Дурдонахои назми чахон» (ба забони украини, 1965) нашр гардидаанд.

Ад.: Дун А. 3., Из истории литера­турных связей таджикского и украинс­кого народов, Д., 1972.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …