Маълумоти охирин
Главная / Илм / Мазхарии Кашмари

Мазхарии Кашмари

МАЗХАРИИ КАШМИРИ (соли таваллуд номаълум, Кашмир — вафоташ 1610, хамон чо), шоири форсизабони Хиндустон. Маълумоти ибтидоиро дар Кашмир гирифта, барои такмили дониш ба Хирот меояд ва бо шоирони ин чо — Хусайни Санои, Мирзокулии Майли, Валии Даштибаёзи ва Мираки Солехи хамсухбат шуда, ба махфилхои адаби чалб мешавад. Баъдтар сафари Машхаду Казвин ва Исфахонро пеш мегирад. Дар Исфахон чанд муддат дар дарбори шох Аббоси Сафави хидмат кардааст.

Мазхарии Кашмари охир ба Хиндустон баргашта, ба хидмати Акбар (1556— 1605) дохил шуд. Баъди ба тасарруфи темуриёни Хинд даромадани Кашмир Мазхарии Кашмири ба вазифаи амирулбахрии Кашмир (аз мансабхои мухими он хитта) таъин мешавад. Вале дере нагузашта аз вазифа даст кашида, то охири умр ба кори эчоди машгул мегардад. Аз Мазхарии Кашмари девони газалиёте бокист, ки аз 6000 байт иборат аст. Мазхарии Кашмари дар газалхояш иллатхои чамъиятиро фош ва шайхони риёкорро, ки дар хаёти ичтимоии Хиндустон мавкеи намоён доштанд, сахт танкид кардааст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …