Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / Манчурхо

Манчурхо

МАНЧУРХО (худ «мавчжу нялма» гуянд; ба хитои: мавчжу жэв ци жэн), халк, ахолии асосии шимолу шарки хитой, асосан дар кисми чануб Манчурия зиндаги мекунанд. Шумораашон кариб 11 млн. нафар (2017 сол). Ба забони манчури факат дар музофоти Хэйлунцзян, дар дигар мавзеъхои Хитой бошад, ба забони хитои гап мезананд. Муътакидони дину мазхаб пайрави буддоия ва даосия буда, ачдодони худро мепарастанд. Манчурхо асосан авлодони ахолии кадимии шимолу шарки Хитой буда, дар солномахои хитои чун кабилахои тунгус номбар шудаанд.

Манчурхо

Дар ташаккули Манчурхо кабилахои хамчавори турк, мугул ва гайра иштирок кардаанд. Ибтидои асри 17 халкият ва сарзамини ягонаи Мавчжу ташаккул ёфт. Манчурхо асри 17 Корея, Хитой ва Мугулистон, асри 18 Нунгария ва Тибетро забт намуда, империяи Цинро ташкил доданд. Манчурхо ва хитоихо бо хам омехта, забон, урфу одат, унсурхои маданияти модлию маънавии якдигарро такмил доданд. Дар байни Манчурхо унсурхои таксимоти авлоди, чихати хоси икоматгоххо, урфу одат ва гайра боки мондаанд. Машгулияти асосии Манчурхо дехкони буда, дар нохияхои кухи коркарди чуб таракки кардааст. Манчурхо кисман дар саноат кор мекунанд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …