Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / Малиновский, Родион Яковлевич

Малиновский, Родион Яковлевич

МАЛИНОВСКИЙ Родион Яковлевич (23. 11.1898, Одесса — 31. 3. 1967, Москва), лашкаркаши совети, Маршали Иттифоки Совети (1944), ду карат Кахрамони Иттифоки Совети (1945 ва 1958),Кахрамони Халкии Югославия (1964). Аъзои КПСС аз соли 1926. Аз соли 1914 дар армия. Солхои 20—30 у аз командири взвод то ба дарачаи командири корпус сабзида расид. Академияи харбии ба номи М. В. Фрунзеро хатм намуд (1930). Дар аввали Чанги Бузурги Ватани ба корпуси 48-уми тирандози, аз августи 1941 ба Армияи 6-ум фармондехи мекард. Аз декабри 1941 то июли 1942 фармондехи Фронти чануби, аз август то октябри 1942 ба Армияи 66-ум дар шимолтари Сталинград фармондехи мекард. Октябр ноябри 1942 чонишини фармондехи кушунхои Фронти Воронеж.

alinovski-radionАз охири ноябри 1942 фармондехи Армияи 2-юми гвардияги буд. Аз феврали 1943 фармондехи Фронти чануби ва аз март фармондехи Фронти чанубу гарби. Аз май 1944 то май 1945 ба кушунхои Фронти 2-юми Украина, ки дар амалиёти Яссы—Кишинёв дар озод кардани Руминия, Венгрия, Австрия ва Чехословакия иштирок кардаанд, фармондехи мекард. Аз июли 1945 фармондехи кушунхои Фронти Забайкалия таъин шуд, ки он кушунхо дар амалиёти стратегии Манчурия зарбаи асоси зада буданд. Баъд аз чанг фармондехи Округи харбии Забайкалу Амур (1945—47), Сарфармондехи кушунхои Шарки Дур (1947—53), фармондехи кушунхои Округи харбии Шарки Дур (1953—56), чонишини 1-уми вазири мудофиа ва сарфармондехи кушунхои хушкигард (1956—57). Аз октябри 1957 то марти 1967 вазири мудофиаи СССР.

Муаллифи китоби «Аскарони Россия» (1969). Аз соли 1952 номзад ба аъзоии КМ КПСС, аз 1956 аъзои КМ КПСС, депутати Совети Олии СССР (даъватхои 2—7). Бо 5 ордени Ленин, ордени «Галаба», 3 ордени Байраки Сурх, 2 ордени Суворов (дарачаи 1), ордени Кутузов (дарачаи 1), 16 ордени хоричи ва бо медальхо мукофотонида шудааст. Дар девори Кремли Майдони Сурх мадфун аст. Академияи харбии кушуни танкхои зирехпуш ба номи у гузошта шудааст.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …