Маълумоти охирин

Малай

МАЛАЙ, галачазираи Малай, калонтарин гурухи чазирахои руи Замин дар Гapби укёнуси Ором, байни китъахои Осиё ва Австралия. Бештар аэ 10 хазор чазираро дар бар мегирад. Масохати умумиаш кариб 2 млн км2. Дар Малай давлатхои Индонезия, Малайзия ва Филиппин чой гирифтаанд. Аз чазирахои Зонди Калон ва Хурд, Молукка, Филиппин ва чандин гурух чазирахои хурд иборат аст. Чазирахои калонтарин: Суматра, Калимантан, Сулавеси, Ява, ки ба таркиби чазирахои Зонди Калон дохил мешаванд. Рельефи Малай асосан кухист. Баландии аксари куххо миёна ва паст. Нуктаи баландтарини галачазира 4101 м. (к. Кинабалу дар чазираи Калимантан).

Галачазираи малай

Дар Малай бештар аз 330 вулкон мавчуд аст, ки 124-тоаш амалкунанда (машхуртаринаш вулкони Кракатау) мебошад. Серзилзила. Конхои калони калъаги, конхои нефт, маъдани охан, никел, волфрам, манган, боксит ва г. дорад. Иклимаш экватори, дар Шимол ва Чануби— субэкватори. харорорати хаво дар давоми сол кам тагйир меёбад, дар хамворихо 23—26° С, дар куххо 15—17%.

Кухи Кинабалуро барфхои доими пушидаанд. Боришоти солона 1000—5000 мм. Дарёхояш кутоху пуроб буда, захираи бои гидроэнергетики доранд. Хокаш сурхи латерити, сурхи бур ва чигарранг, дар куххо бурхон ва маргзорию ботлоки. Олими набототи Малай бой аст. Танхо дар чазираи Ява бештар аз 6000 намуди растани вомехурад. Кисми зиёди Малайро бешахои сернами тропикии хамешасабз ва саваниахо фаро гирифтаанд. Олами хайвоноташ гуногун ва бой. Маймунхои одамшакл ва сагшакл, фил, каркадан, хирси малай, гурги сурхи малай ва г. хайвонхои хоси Малай мебошанд.

Малай дар харита

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …