Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Макашов Андрей Василевич

Макашов Андрей Василевич

МАКАШОВ Андрей Васильевич (таваллуд 22. 4. 1925, дехаи Малое Щербедино, нохияи Романови вилояти Саратов), муаррихи совети, Доктори илми таърих (1971). Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1946. Солхои 1942-45 дар сафхои Куввахои мусаллахи СССР, 1946-48 ёрдамчии котиби комитети партиявии нохияи Хисор, 1948-49 муаллими мактаби миёнаи ба номи Н. К Крупская нохияи Хисор. Соли 1949 Институти давлатии педагогии Душанберо гоибона хатм намуд.

Солхои 1949-50 чонишини мулири шуъбаи пропаганда ва агитатцияи Комитети партиявии нохияи Шахринав, 1950—51 инструктори Комитети партиявии вилояти Сталинобод, 1951—53 инструктор ва лектори КМ ПК Точикистон. Аз соли 1953 ходими калони илмии Институти таърихи партияи назди КМ ПК Точикистон.

Макашов бештар аз 40 асари илми навиштааст, ки калонтарини онхо «Пойдор намудани Хокимияти Совети дар Точикистони Маркази ва Чануби» (1957), «Ташкилоти партиявии Точикистон дар солхои 1924- 26» (1964), «Галабаи Советхо дар Бухоро» (1969) мебошанд. Мураттиби китобхои «Барои Хокимияти Советхо дар Точикистон» (1958), «Барои галабаи Советхо» (1961), «Буньёдкорони социализм накл мекунанд. (1967), «Барои кори халк» (нашрхои 1 ва 2, 1970-74). Бо ордени Ситораи Сурх, медалхо ва грамотахои Фарии Совети Олии РСС Точикистон мукофотонида шудааст..

Х. Дустов.

Дар борамон

Инчунин кобед

САКАНКУР

САКАНКУР, нигаред Самандар.