Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Макаров Олег Григорьевич

Макаров Олег Григорьевич

МАКАРОВ Олег Григорьевич (таваллуд 6. 1. 1933, дехаи Удомляи вилояти Калинин), лётчик-кайхоннаварди СССР, ду карат Кахрамони Иттифоки Совети (1973, 1978). Аъзои КПСС аз соли 1961. Пас аз хатми Омузишгохи олии техникии Москва дар бюрои конструктори кор  мекард. Дар отряди кайхоннавардон аз соли 1966. 27—29 сентябри 1973 дар киштии кайхонии «Союз-12» хамрохи В. Г. Лазарев ба сафати бортинженер ба кайхон парвоз кард.

Макаров Олег ГригорьевичКишги дар муддати 47 с. 16 дакика гирди Заминро 32 маротаба давр зад. Дар рафти парвоз Макаров программаи тадкикоти илмию-техники ва озмоиши системахои кишти ва скафандрхоро ичро намуд. 10 январи 1978 дар киштии кайхонии «Союз-27» хамрохи В. А. Чонибеков ба сафати бортинженер бори дуюм ба кайхон парвоз кард. 11 январи 1978 «Союз-27» бо комплекси мадории «Салют-6»—«Союз-26», ка Ю. В. Романенко ва Г. М. Гречко идора мекарданд, васл шуд. Бо хамин бори аввал дар таърихи кайхонваварди дар мадори ваздизамини комплекси идорашаванда иборат аз стансияи мадори ва ду киштии кайхони барпо гардид. Дар рафти парвоз тачрибаи биологи бо унвони «Ци-тос», ки олимони ССCP ва Франция тайёр карда буданд, гузаронда шуд.

Тачрибаи техникии «Резонанс» низ бомуваффакият ба анчом расид. Баъди ичрои программаи 5-рузаи парвоз кайхоннавардон В. А. Чонибеков ва Макаров аз стансияи мадори ба киштии кайхонии «Союз-26» гузаштанд. Аппарат» фурудоии «Союз-26» 16 январ В. 1978 ба Замин баргашт. 27 ноябри 1980 дар киштии кайхонии «Союз Т-3» хамрохи Л. Д. Низам ва Г. М. Стрекалов маротибаи сеюм ба кайхон парвоз кард. Киштии кайхонхои «Союз Т-3» 28 ноябри 1980 бо комплекси мадории «Салют-6 — Прогресс-11» куш шуд. Баъди ичрои бомуваффакияти программаи пешбинишудаи парвоз экипажи киштии «Союз Т-3» 10 декабри 1980 ба Замин баргаштанд. Макаров бо 3 ордени Левин ва дигар ордену медалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.