Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Маев Николай Александрович

Маев Николай Александрович

МАЕВ Николай Александрович (21.2.1835, Петербург—2. 1. 1896, хамон чо), муаррихи рус, мухаккики Осиёи Миёна. Баъди хатми гимназия аз соли 1853 то 1863 дар хизмати харби буд. Солхои 1861—68 дар журналхои «Народное чтение», «Грамотей», «Мирский вестник», «Чтение для солдат» ва г. кор кард. Солхои 1870— 92 аввалин мухаррири рузномаи «Туркестанские ведомости» («Ведомостьхои  Туркистон») буд. Маев иштирокчии чандин экспедпцияи тадкикоти илмии Осиён Миёна буда, опд ба таърих, география ва этнографиии ин кишвар асархо навиштааст.

maev_nikolay-aleksandrovichСоли 1875 Экспедицияи махсуси Хисор бо сардории Маев аввалин маротиба географияи кишвари Бухорои Чанубу Шаркиро омухт. Таълифоти Маев «Очерки кишвари Хисор», «Маълумоти чугрофии кишвари Хисор ва бекии Кулоб» ва г. ба забони руси дар сахифахои рузномаи «Ведомостхои Туркистон» чоп шуда, баъдтар дар шакли китоб бо номи «Маълумоти хонии Бухоро, кишвари Хисор, Кулоб ва сохили Амударьё» дарч гардид.

Маев соли 1879 дар корхои «Экспедицияи илмии Самара доир ба тадкики самти рохи охани Осиёи Миёна ва хавзаи дарьёи Аму» иштирок дошт. Дар ин муддат ба Хиcop, Балчувон, Кулоб,Кургонтеппа, Кабодиён ва дигар бекихои Бухорои Шарки сафар карда, маълумоти географи чамъ намуд. Маълумотхои Маев оид ба омухтани таърихи Калъаи Лагмон (дар Вахш), димнаи наздикии Балчувон, харобаи Тахти Кубод ва дигар ёдгорихои таърихи кимати калони илми доранд.

Ас.: Географический очерк Гиссарского края и Кулябского бекства, «Изв. Русского географ, обва», Петербург, 1876, т. XII, М 4; Очерки Бухарского ханства, «Турк. ведомости» Я» 2—7, 10—14, 17, Ташкент, 1876. Ш. Юсуфов, Т. Наврузов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.