Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Мадзини Чузеппе

Мадзини Чузеппе

МАДЗИНИ (Mazzini) ЧузеппеМАДЗИНИ (Mazzini) Чузеппе (22. 6. 1805, Генуя— 10. 3. 1872, Пиза), революционери италияви, демократ буржуази, яке аз пешвоёни харакати миллии озодихохии Италия, хукукшинос. Аз соли 1827 иштирокчии харакати карбонарийхо. Соли 1830 ба хаос гирифта шуд. Мадзини мачбур гардид, ки Италияро тарк кунад. Соли 1831 дар Марсель чамъияти «Италияи чавон»-ро ташкил намуд, ки программаи сиёсии он аз зулми империяи Австрия рахонидани Италия ва барпо кардани республикаи буржуази-демократиро пешбини мекард.

Соли 1834 дар Швейцария ташкилоти байналхалкии революционии «Аврупои чавон» ва 1846 «Иттифоки интернационалии халкхо»-ро ташкил намуд. Март—июли 1849 сардори хукумати республикаи Рим буд ва баъди бархам хурдани он ба Швейцария хичрат кард. Соли 1853 «Партияи амал»-ро ташкил карда, ба Гарибальди кумак расонд. Солхи 60 коргаронро ба муттахид кардани мамлакат чалб намудани шуд. Назарияи Мадейра оид ба азнавсозии ичтимоии чамъият характери хаёли дошт. Мадзини ногузир будани муборизаи синфин пролетариатро бар зидди буржуазия катъиян рад мекард. Мадейра хамчун муборизи рохи ягонаги ва озодии Италия таргиботчии шуълавари принципхои демократ ва республикави дар таърихи Италия макоми шоиста дорад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.