Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЗТАР Мулло Рахматуллох

МУЗТАР Мулло Рахматуллох

personМУЗТАР Мулло Рахматуллох (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири точик. Чои таваллудаш тумани Косонн Насаф. Дар охири асри 18 ва аввали асри 19 умр ба cap бурда аст. Шоири баркамол ва машхури замонаш, басо рангинхаёлу хушгуфтор буд. Мувофики маълумоти маъхазхои адаби («Тухфат-ул-ахбоб»-и Возех ва баёзи № 321 китобхонаи Институти забон ва адабиёти ба номи Рудаки) Музтар шахси хело хушсухбат ва латифасанч буда, аксар бадехатан шеър мегуфтааст. Намунае аз мушоираи шоирони замони Музтар— Хозик, Мохир, Ансаб ва дигар дар баёзи зикрёфта оварда шудааст. Девони ашъор доштани Музтар маълум нест. Дар тазкираву баёзхо ашъори парокандан Музтар бисёранд, ки аз онхо 20 газал, 8 мухаммао, 3 рубои ва 4 китъа — хамаги 314 байт чамъовари шудааст. Ашъори Музтар аз чихати мазмуну мундаричаи гояви гуногун буда, дар аксари онхо мазмунхои шикоят аз сахти ва нобаробарихои мухити ти­ра, гардиши качи даврон, беадолатихои хукуматдорон ва хориву зории ахли санъату хирад ба дарачаи ба­ланди санъаткори тачассум ёфтаанд. Дар эчодиёти Музтар таъсири сабки хинди (сабки бедили) ва хам услуби шуарои мутакаддимин, аз чумла Саъдии Шерози, Хисрави Дехлави, Хофизи Шерози, Камоли Хучандию Абдуррахмони Чоми мушохида мешавад.

Адабиёт: К а р и м о в У.. Адабиёти точик «дар нимаи дуввуми асри XVIII ва аввали асри XIX, Душанбе, 1974.       У. Каримов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …