Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУЗЕЙШИНОСИ

МУЗЕЙШИНОСИ

muzeologiyaМУЗЕЙШИНОСИ, м у з е о л о г и я, сохаи илме, ки пайдоиш ва вазифа- хои ичтимоии музейхо, назария ва методикаи кори онхоро меомузад. Музейшиноси сохахои назарияву таърихи кори музейхо, матншиносии музейхо, методикаи илмии фаъолияти музейхоро дар бар мегирад. Музейшиноси комплектонидани манбаъхои ба омузиш табиат ва чамъият алокаманд, оид ба ашёхои музейхо тартиб додани маълумоти илми, ташкил намудаву ба рох мондани экспозисияю намоишхо ва гайраро тадкик намуда, принсипхои илмии гирдовари,. бахисобгири ва нигахдории ёдгорихо, тар- миму аз нав баркарор кардани онхоро кор карда мебарояд. Музейшиноси совети дар асоси методологияи марксисти- ленини аз усулхои гуногуни тадки- кот бахра мебарад. Музейшиносии совети ташкил намудани экспози­сия, бой карданн фондхо, масъалахои методии фаъолияти илми – маърифатии музейхоро кор кард, аввалин шуда принсипи экспозисияхои комплексию мавзуи, тадкикоти ёдгорихои давраи навтарин ва проблемахои комплектонидану ба намоишгузории онро аз чихати назарияви асоснок намуд. Дар Точикистон дар Музей муттакидаи республикавии таъриху кишваршиноси ва санъати тасвирй, инчунин як катор музейхои дигар корхои илмию тадкикоти бурда мешаванд. Аз соли 1968 дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР мачмуаи «Музейное дело в Союзе Советских Сотсиалистических Республик СССР» нашр мешавад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …