Маълумоти охирин

МУЗЕЙХО

muzeyhoМУЗЕЙХО (аз юнони museion — кас­ри музахо), муассисахои илми ва маърифатие, ки кори гирдовари, омузиш, нигахдори ва ташвику таргиби ёдгорихои таърихи ва осори маданияти моддию маънавиро ба рох мемонанд. Шаклхои асосии фаъолияти илмию ташвикоти ва тарбиявии Музейхо— экспозисия ва намоиш (выставка) мебошад. Аз руи таъинот ва вазифаи чамъияти Музейхо ба навъхои зерин: тадкикоти и л м и и маърифати (аксари Музейхо, баъзан онро Музейхои оммави низ меноманд), тадкикоти (дар назди институтхои тадкикотии илми вазифаи лабораторияро адо мекунанд) ва таълими — вобаста ба коллексияхоящ ба Музейхои с о х а в и, к и шваршиноси ва мемориали чудо мешаванд. Музейхои сохави ягон сохаи муайяни истехсолот, илм ва санъатро дар бар мегирад (масалан, музейхои таърихи, музейхои зоология, музейхои санъати тасвири, музейхои техники ва гайра). Музейхоии кишваршиноси таърих, санъат, этногра­фия, табиат, хочаги ва дигар сохахои хаёти кишвареро инъикос намуда. Музейхои мемориал и  ба вокеахои мухими таърихи ва арбобони барчаста бахшида мешаванд. Аввалин Музей дар Юнон ва Рими Кадим пайдо шудаанд. Дар ин мамлакатхо осори чудогонаи санъатро дар маъбадхо гирд оварда, сипас намоиш медоданд. Дар давраи эллинизм коллек­сияхои чудогонаи Музейхо ба вучуд омад. Гирд овардани коллексияхои осори санъату маданият, таърих ва сохахои чудогонаи илм дар Италияи дав­раи Эхё, баъдтар дар Англия, Франсия, Россия, Германия ва дигар мамлакатхо ба хукми анъана даромад. Музеи Британияи Лондон (1753), Луври Париж (1793) аз чумлаи Музейхои намоёнтарини Европаи Гарби мебошанд. М.узейхои калонтарини чахон а с ос а н  дар асри 19 пайдо шуданд. Музеи Прадои Мадрид (1819), Нигористони Третяков (1850), Эр­митажи Ленинград (1852), Музеи Метрополитени Нью-Йорк (1870) аз чумлаи онхост. Баъди Револютсияи Октябр Музейхо милли кунонида шуда, дар асоси декрет ва карорхои Хукумати Совети Музейхо барчаста ва ёдгорихои осори маданият ба мухофизати давлат гузашт. Ноябри 1917 дар назди Комиссариати маорифи халкии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия Коллегияи умумироссияги оид ба кори Музейхо ва мухофизати ёдгорихо, май 1918 Шуъбаи музейхо таъсис ёфт. Аз чумла дар хузури Ко­миссариат маорифи халкии Туркистон барои рохбари ва бехтар намудани кори Музейхо Комитети музейхо оид ба кор ва мухофизати ёдгорихо ташкил гардпд. Дар Осиёи Миёна кори барпо кардана Музейхо, гирд овардани ма­териал ва коллексияхо ва гайра, чоннок гардида, бисёр экспедисияхои илми гузаронида шуд. Дар Точикистон аввалин музей соли 1931 дар Ленинобод таъсис ёфт ва худи хамон сол дар Душанбе барои барпо намудани Музеи республикавии Револютсия (холо Музеи муттахидаи республикавии таъриху кишваршиноси ва санъати тасвири) кадамхои аввалин ниходанд ва он соли 1934 кушода шуд. Холо кисми асосии Музейхои давлатии Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР тобеи вазорати маданият, таш- килотхои чудогонаи чамъияти, муассисахои илми мебошанд. Масъалахои назарияви ва асосхои методикаи илмии фаъолияти Музейхо дар маркази методи (назди вазоратхои маданияти республикахои иттифоки) кор карда мешаванд. Музейхои совети корхои зиёди илмию тадкикоти ва тарбияви мебаранд: коллексияхоро меомузанд, монография, каталог, китобчахои рохнамо (путеводительхо) ва мачмуахои илмию адаби нашр мекунанд, бо ёрии экспозисия ва намоишхо комёбихои сохахои чудогонаи илм, саноати сотсиалисти ва тачрибахои пешкадами хочагии кишлок ва гайраро тартиб мекунанд. Холо дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР 1348 музеи давлати; дар Точикистон 7 музеи давлати (аз он чумла Музеи муттахидаи республикавии таъриху кишваршиноси ва санъати тасвири, Музеи Садриддин Айни дар Душанбе, Музеи республикавии таъриху кишваршиносии ба номи Рудаки дар Паичакент, Музейхои вилояти дар Ленинобод, Кулоб ва Хоруг) амал мекунанд. Дар як катор шахру районхои республика Музейхои халки низ мавчуданд.

Адабиёт:       Основы советского музееведе­ния, Москва, 1955; Очерки истории музейно­го дела в СССР, в. в—7, Москва, 1968—71; Роль музеев в коммунистическом воспи­тании трудящихся, Москва, I960; Список го- сударствевных музеев СССР, Москва, 1969.

Б. Абдурахмонов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …