Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЗЕЙХОИ В. И. ЛЕНИН

МУЗЕЙХОИ В. И. ЛЕНИН

muzeyhoi-leninМУЗЕЙХОИ В. И. ЛЕНИН, Музеи м а р к а з и и Владимир  Илич Ленини  Институти марксизм-ленинизм дар назди Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС (Москва). Съезди 13-уми РКП (б) (1924) дар бораи кушодани Институти Владимир Илич Ленин карор карда, ба Комитети Маркази супорид, ки дар назди институт шуъбаи музей ташкил кунад. Дар рафти чамъоварии материал фонди музей низ ташкил карда шуд, ки ахли оилаи Уляновхо, Н. К. Крупская, хамсафони Ленин дар ин кор сахми калон гузоштанд. Нахустин эк­спозисия 31 май 1924 дар бинои № 27, кучаи Б. Дмитровка (холо кучаи Александр Сергеевич Пушкин) гузошта шуд. Экспозисия ба ду кисм: таърихи ва мемориали таксим гардид; то соли 1930 музей 12 толор дошт. Соли 1931 музей ба бинои дигар кучид. Соли 1934 дар фондхои он карио 9 хазор экспонат мавчуд буд. Соли 1935 Комитети Марказии ВКП(б) ва СКХ Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР дар бораи дар Майдони Революсия ташкил намудани Музей марказии Ленин карор кабул карданд; 15 май 1936 кушода шуд. То соли 1973 дар фондхои музей кариб 400 хазор экспонат мавчуд буд: дар 34 толор — 15 хазор экспонат махфуз. Дар байни онхо нусхахои зиёди дастнависхои Владимир Илич Ленин, нахустин китобу китобчахои у, нусхахои газетахои «Искра» «Пролетарий», «Социал-де­мократ», «Звезда», «Правда», декретхои нахустини Хокимияти Совети, каpopхои СКХ, ки аз тарафи Владимир Илич Ленин навишта ва имзо карда шудаанд, мавчуданд. Дар экспозисия чизу чорахои зиёди шахсии Владимир Илич Ленин, суратхои беназир, асархои санъат — тасвири, меъмори, рассоми, ки образи барчастаи Владимир Илич Ленинро тачассум мекунанд, тухфахои хотиравии халки совети ба Владимир Илич Ленин, инчунин бисёр материалхое, ки ба хаёт ва фаъолияти у алокаманданд, махфузанд. Бисёр экспонатхо ба музей хамчун тухфа аз мамлакатхои сотсиалист, партияхои коммунистию коргарии мамлакатхои ка­питалист ва тараккикунанда фи- ристода шудаанд. Хуччатхо ва материалхо фаъолияти Владимир Илич Ленинро оид ба тахияи назарияи револютсиони, барпо кардани партияи марксистии типи нав инъикос намуда, уро хамчун назариётчи ва стратеги бу- зургтарин, дохии Револютсияи Кабири Сотсиалистии Ок­тябр ва харакати байналхадкии коммунисти) коргари, ташкилотчи ва рохбари нахустин дар чахон давлати коргару дехкон нишон медиханд. Экспонатхои якчанд толорхо нишон медиханд, ки чи тавр халки совети бо рохбарии  Пратияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС ва халкхои мамлакатхои лагери сотсиалисти бо рохбарии партияхои марксист- ленинии худ васиятхои Владимир Илич Ле- нинро ба хаёт гузаронда истодаанд, дар онхо фаъолияти Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС барои муттахидии харакати чахонии ком­мунист дар замони хозира, инъикос ёфтаанд. Барои тамошобинон

дар бораи хаёт ва фаъолияти револютсионии  Владимир  Илич Ленин, инчунин оид ба проблемахои таърихию партиявии замони хозира лексияхо хонда мешаванд. Ба экспозисия ба муносибати 100-солагии рузи таваллуди Владимир Илич Ленин, 60-солагии таш­килёбии Иттифоки Республикахои Совети Сотсиалисти СССР, 70-солагип Съезди 2- уми РСДРП. 65-солагии Револютсия Кабири  Сотсиалистии Октябр бисёр материалхои нав дохил карда шуданд. Солхои 1924—73 музейро эиёда аз 40 миллион наф., аз чумла намояндагони 102 мамлакати хоричи тамошо карданд. Музей дар бобати аз руи маъхазхои аввалин омухтани тарчумаи холи Владимир Илич Ленин ва таърихи Партияи Коммунистии Иттифоки Совети  КПСС ба­заи назарияви ба шумор меравад; дар он лексияхо хонда, барои пропагандистони фаъоли партиявии шахру вилояти Москва семинару хонишхои ленини ташкил карда ме­шаванд. Музей- дар Ленинград(1937), Ульяновск (1941), Киев(1938), Лвов (1950), Боку (1955), Тбилиси (1938), Тошкент (1970) фи­лиалхои худро дорад ва 26 хона-музейхои ёдгори (мемориали) мавчуданд, ки дар он чо Владимир Илич Ленин кор ва зиндаги кардааст. Музейхои Ле­нин дар Прага ва Братислава (Республикаи Сосетии ЧехоСлавакия), Варшава, Краков, Поронипо (Республикаи Халкии Полша), Лейпсиг (Республикаи Демркратии Германия), Улан- Батор (Республикаи Халкии Монголия), Темпер (Финляндия) ва Париж (Франсия) мавчуданд. Музеи марказии Ленин ва филиалхои он дар такмилу пурра кардани экспозисияхои музейхои ленини дар хорича кумак мерасонанд, ба хамдигар ахбороти илми, материалхо медиханд ва виставкахои сайёр ташкил менамоянд. Музеи марказии Ленин бо ордени Ленин (1974) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …