Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЗЕИ ТУРСУНЗОДА

МУЗЕИ ТУРСУНЗОДА

muzey-tursunzodaМУЗЕИ ТУРСУНЗОДА, музеи ёдгорию адабии МирзоТурсунзод а, ки бо карори Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тохикистон ва Совети Вазирони республика 21 марти соли 1978 дар хонаи шоир (шахри Душанбе, кучаи Карл Маркс, 79) таъсис ёфтааст. Дар рузхои чашни 70- умии солгарди таваллуди Мирзо Турсунзода барои тамошобинон кушода шуд. Музеи Турсунзода аз ду кисм (ёдгори ва адаби) иборат аст. Дар кисми ёдго­ри ашёи хона, асбобу анчоми шахси, китобхонаи шоир ва мероси бадеии у гирд омадаанд. Кисми адаби, ки мутобики мархилахои хаёту эчодиёти Мирзо Турсунзода мураттаб гардидааст, 5 намоишгох (хона)-ро дар бар мегирад. Намоишгохи 1 аз давраи бачагию наврасии Мирзо Турсунзода хикоят мекунад. Дар миёнчои хона дарахти чормагз мавчуд аст, ки худи шоир шинондааст. Дар деворхои хона акси зодгохи шоир — дехаи Каротог чой гирифтааст. Намоишгохи 2 материалхои оид ба огози фаъолияти эчоди, сурату дастнависхои айёми чавонии Мирзо Турсун- зодаро дар бар мегирад. Дар намоишгохи 3 суратхо, тухфахои ба муноснбати 50-солагиаш гирифтаи Мирзо Турсунзода, инчунин мизи кории у чой гирифтааст. Намоишгохи 4 «Шухрати чахонии шоир» ном дошта, аз сафархои хоричии Мирзо Турсунзода хикоят мекунад. Дар ин хона китобхои ба забонхои хоричи тарчумашудаи у гузошта шудаанд. Дар намоишгохи 5 хотираву ёддоштхо дар бораи Мирзо Турсунзода, мукофотхои давлати, бюсти у ва гайра фарохам омадаанд. Вохидоти махфузи Музеи Таърихи такрибан 20000 экспонатро ташкни медихад.

П. Турсунзода.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …