Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЗЕИ САНЪАТИ ТАСВИРИИ

МУЗЕИ САНЪАТИ ТАСВИРИИ

muzey-pushkinМУЗЕИ САНЪАТИ ТАСВИРИИ ба номи Александр Сергеевич Пушкин дар Москва, махзани ёдгорихои осори санъати нафиса аз даврахои кадим то рузхои мо. Аз чихати ахамият дуюмин му­зеи Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Сотсиалистических Республик  СССР (баъди Эрмитажи давлати). Соли 1912 хамчун музеи осори мучассамасози таъсис ёфт. Соли 1937 ба он номи Александр Сергеевич Пушкин дода шуд. Дар солхои Хокимияти Совети ин музей аз хисоби коллексияхои собик му­зеи Румянсев, Эрмитаж, Нигористони Третяков ва мачмуахои хусусии осори санъат пурра гардида, ба он нигористони мусавварахо ва шуъбаи гравюра илова шуд. Дар Музей кол- лексияхои нодири осори санъати Мисри Кадим, Осиёи Пеш, Юнони Кадим, Рими Кадим, Византия, мамлакатхои Европаи Гарби гирд оварда шудааст. Нигористони мусавварахои Музей асархои мусаввирони дав­раи Эхё (А. Боттичелли, П. Перучино, П. Веронезе, Б. Э. Мурило), мактаби нидерландии асрхои 15—16, осори мусаввирони Голландию фламандии асри 17 (X. Рембрандт, П. П. Рубенс, Ф. Снейдерс, Я. Иордане, А. Ван Дейк), намояндагони мактаби рассомии асрхои 15—19 немис (Л. Кранах, А. Менцел), мактаби анг- лисии асрхои 18—49 (Ч. Рейнолдс, Ч. Констебл), мактаби франсавии асрхои 17—19 (Н. Пуссен, А. Ватто, Ф. Бу­ше, Ж. Л. Двнд, Э. Делакруа, А. Домье, К. Кори, Г. Курбе, А. Рену­ар ва дигар) ва осори хеле бои мак­таби барбизонро дар бар мегирад. Дар шуъбаи графика бештар аз 350 хазор асархои рассомони Европаи Гарби, Шарк, рус ва совети мавчуд аст. Музей дорои китобхонаи бой ва устохонаи калони тармимй мебошад.

Дар борамон

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …