Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЗЕИ ЭТНОГРАФИЯИ ИНСТИТУТИ ТАЪРИХИ АКАДЕМИЯИ ФАНХОИ РСС ТОЧИКИСТОН

МУЗЕИ ЭТНОГРАФИЯИ ИНСТИТУТИ ТАЪРИХИ АКАДЕМИЯИ ФАНХОИ РСС ТОЧИКИСТОН

etnograficheskiy-muzeyМУЗЕИ ЭТНОГРАФИЯИ ИНСТИТУТИ ТАЪРИХИ АКАДЕМИЯИ ФАНХОИ РСС ТОЧИКИСТОН б а н о м и М. С. Андреев, яке аз муассисахои калони маданию маърифатии республика, ки дар он намунахои осори маданияти моддию маънавии халки точик гирд оварда шудаанд. Дар шахри Душанбе вокеъ аст. Соли 1948 бо карори Совети Вазирони Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон (аз 31 май 1948) дар назди Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали точикистонии Академияи Фанхои Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР фонди этнографи таъсис ёфт. Асоси фондро экспонатхо оид ба тарзи зиндагии точикони районхои чануби, ки дар натичан экспедисияи этнографи ба вилояти Кулоб (тахти рохбарии A. К. Писарчик) чамъ омада буданд, ташкил медод. Музеи бошад, соли 1981 бо карори Комитети Марказии Партияи Коммунистии Точикистон (аз 4 апрели 1979) таъсис ёфт. Он шуъбахои хунарманди, санъати амали (кандакори, хаккоки), сару либос, хочагии кишлок, чизхои хона, кулоли ва гайра дорад, ки зиёда аз 10 хазор экспонатро гирд овардааст. Намунахои бехтарини экспонатхо дар Юнон, Италия, Белгия, Хиндустон, Япония, Тунис ва дигар мамлакатхо намоиш дода шуданд. Ходимоии Музей мунтазам намоишхо ташкил карда,’ тамошобинонро бо намунахои маданияти моддию маънавни халки то­чик шинос менамоянд ва ба тадкики илмии онхо машгуланд.

Адабиёт: Писарчик А. К., Широко­ва 3. А., Музей археологии и этногра­фии имени М. С. Андреева, Изв. отделение об­ществ наук Академии Наук Таджикской Советской Социалистических Республики, 1952, № 2; Ерш о в Н. Н., Собрание этногра­фических коллекций Института истории имени До ниша Академии Наук Таджикской Советской Социлистической Республики. Изв. отд. обществ, наук Академии Наук Таджикской Советской Социлистической Республики, 1975, № 4. М. Хомидчонова, Ч. Азимов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …