Маълумоти охирин

МУЗЕИ АЙНИ

muzey-ayniМУЗЕИ АЙНИ, музеи адабии Садриддин Айни, кибо карори КМ ПК Точикистон ва Совети Вазирони республика соли 1966 дар Душанбе кушода шудааст. Пас аз такмилу коркарди нав ба муносибати 100-солагии зодрузи нависанда соли 1978 амалиёту мавчудияти худро ба сифати Музеи адабии Садриддин Айни давом медихад. Музеи Айни 4 фонд дорад: мерос, китобхонаи илми, суратхо ва овоз. Дар фондхои Музеи Айни ва 6 хали экспозиционии он зиёда аз 6000 экспонат мавчуд аст. Дар залхои музей экспонатхое чой дода шудаанд, ки дар бораи хаёт ва фаъолияти адаби, чамъияти ва даврахои гуногуни зиндагии нависанда маълумот медиханд: каламдони аз падараш тухфашуда, чизхои шахси (соат, асо, чойнику пиёла, столу креслои кори, каламу ручка, кордчаю кайчи, айнак, чома, тухфахо ва г.). Дар музей асару маколахои илмии устод Айни (нашри солхои гуногун ва тарчумахо ба забонхои халкхои СССР ва забонхои хоричи) хамчун экспозиция нигох дошта мешаванд.

Як катор экспонатхо дар бораи алокамандии С. Айни бо санъати кадиман мусикии Осиёи Миёна «Шашмаком» ва шашмакомхонон накл мекунанд; кисми дигар оид ба муносибати хамкори ва дустии С. Айни бо шоиру нависандагон ва олимону ходимони чамъиятию сиёсии халки точик ва дигар халкхои Иттифоки Совети ва хоричи мебошанд. Дар байни экспонатхо дастхатхои нависанда, машинка ва чолиби руи у, ки пас аз вафоташ гирифта шуда буд,

Чои намоёнро ишгол мекунанд. Инчунин дар музей суратхои кашидан рассомон аз руи асархои устод ва г. чен гирифтаанд. Дар Музеи Айни фонди бои сабти овоз мавчуд аст, ки дар он нутки дар чашни 75-со-лагиаш эродкардаи С. Айни, хотирмон шудааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …