Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУЗДИ КОР

МУЗДИ КОР

muzdi-korМУЗДИ КОР, дар давраи социализм шакли пулии кисми махсулоти зарури, ки дар байни коргарону хизматчиён мувофики микдору сифати мехнати сарфшуда таксим карда мешавад. Музди кори номинали (маблаги пули коргар барои кораш дар давраи муайян) ва г сали (коргар аз хисоби Музди кор худ барои харидани микдори муайяни мол имконият пайдо мекунад) вучуд дорад. Шакли асосии Музди кор вактбайъ ва корбайъ аст. Музди вактбайъ, ки андозаи он ба мухлати кор ва ихтисоси коркунон вобаста аст, баробари дар истехсолот харчониба чори шудани механнконии комплексии мехнат, усулхои истехсоли муттасил ва пай дар пай торафт бештар ба кор бурда мешавад. Асоси Музди корро принципи социализм — «аз хар кас мувофики кобилияташ, ба хар кас мувофик мехнаташ» ташкил медихад. Конституцияи СССР ва республикахои иттифоки ба гражданхои СССР, катъи назар аз чинс, синну сол, миллат ва нажод, ба мехнат кардан ва аз руи микдору сифати кор музд гирифтан хукуки гарантиянок додааст. Ин хавасмандии модди афзоиши хосилнокии мехнатро таъмин намуда, ба баланд бардоштани савияи дониши коргарон ва мустахкам шудани интизоми мехнат ёри мерасонад. Максади асосии чамъияти социалисти мунтазам баланд бардоштани дарачаи некуахволи ва зиёд кардани Музди кори мехнаткашон аст. Солхои 1971— 73 андозаи минималии Музди кори мономан коргарон ва хизматчиён дар СССР ба 70 сум расонда шуд. Музди кори коргарони саноат, наклиёт ва дигар сохахои истехсолоти моддии андозаи маошашон миёна, низ зиёд карда шуд. Маоши муаллимон, духтурон ва коркунони дигар сохахо хам афзуд. Музди кори миёнаи мохонаи коргарону хизматчиён дар панчсолаи 10-ум ба 171 сум расонида мешавад. Музди кори реалии мехнаткашон низ бо рохи кам кардани андози даромад, нархи мол, зиёд намудани имтиёзи фондхои чамъиятии истеъмол мунтазам баланд бардошта мешавад. Манбаи асосии афзоиши Музди кор хосилнокии мехнат буда, аз тарафи давлати социалисти ба план гирифта, танзим карда мешавад. Андозаи Музди кори коргарон ва хизматчиёнро бо ёрии системаи таърифа, музди кор ва нормаи истехсол муайян менамоянд. Дастур дар бораи корхонахои социалистии давлати (1965) ва ислохоти хочагидори хукуки корхонахоро дар бораи танзими Музди кор боз хам бештар васеъ гардонид. Ба гайр аз ин, ислохоти хочагидори роли хавасмандонии моддии мехнаткашонро баланд бардошт, хавасмандии моддиро на танхо дар натичахои мехнати индивндуали, балки дар натичахои умумии кори корхона низ мустахкам гардонид. Мураттаб кардани Музди кор дар СССР барои тараккии хочагии халк ахамияти калон пайдо кард, хусусан минимуми Музди кори категорияи коргарони каммуздгиранда афзуд. Зарурати такмили Музди кор дар давраи сохтмони пурвусъати коммунизм низ боки мемонад, андозаи даромади реали ба хисоби хар як нафар ахоли бештар аз 3,5 баробар зиёд мешавад. Фарк байни Музди кори категорияхои коркунони кам ва бисёрмуздгиранда тадричан бархам мехурад. Ин барои гузаштан ба таксимот мувофики талабот замина тайёр мекунад. Дар мамлакатхои капиталисти, ки кувваи коргари шакли молро гирифтааст, Музди кор шакли дигаргуншудаи арзиши кувваи коргари мебошад. Дар давраи капитализм Музди кори коргар гуё пурра дода мешавад, вале дар асл бошад, факат як кисми Музди кор дода мешаваду бас. Андозаи Музди кор карзори таъсири конунхои бозор ба вучуд меояд ва аз арзиши кувваи коргари баланд намешавад. Коргарон мачбуранд, ки дар давраи бекори кувваи кории худро аз арзиши аслиаш пасттар фурушанд. Дар мамлакатхои капиталисти Музди кори реали дар натичаи баланд шудани нархи ашьёхои истеъмоли, андоз, хонапули ва г. торафт кам мегардад. Хакки мехнат дар мамлакатхои капиталисти ба нажод, миллат, чинс, синну сол ва г. вобаста аст. Музди кори негрзан дар ШМА ‘/s хиссаи музди мехнати мардони сафедпустро ташкил медихад. Дар Британияи Кабир нисбат ба Музди кори калонсолон Музди кори чавонон 58%, духтарон 68% паст аст. Мехнаткашони мамлакатхои капиталисти бар зидди нажодпарасти, истисмор ва паст шудани Музди кор мубориза мебаранд. Иктисодчиёни буржуази барои рупуш намудани мохияти хакикии Музди кор, аз муборизаи революциони дур кардани омма назарияхои бардуругро бофта мебароранд ва пахн мекунанд. Ба акидаи онхо Музди кор барои мехнати коргар мукофот буда, фоида бошад, мукофот барои фаъолияти «ташкилотчиги»-и капиталист аст. Аз ин ру, ба кавли иктисодчиёни буржуази, муносибати байни коргарону сохибкорон дар процесси истехсолот антагонист набуда, балки хамкори будааст. Капиталистон даъво мекунанд, ки муборизаи мехнаткашон ба мукобили сохибкорон бефоида аст, афзудани Музди кор танхо ба баланд шудани нарх оварда мерасонад.

Ад.:- Маркс К., Капитал, т. 1, разд. 4; Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., т. 23; хамон муалл., Мехнат» кироя ва капитал, Маркс К. ва Энгельс Ф., Ас., мунт. ч. 1, Д., 1963; Хамон муалл., Танкиди программаи Гота, хамон чо, ч. 2, Д., 1965; Ленин В. И., Вазифахои навбатии Хокимияти Совети, Ас., ч. 27; хамон муалл., Музди кори коргарон ва фоидаи капиталистон дар Россия, ч. 18; Материалхои съезди XXV КПСС, Д., 1976; Капустин Е. И., Качество труда и заработная плата. М., 1964; Володин В. С., Заработная плата в Условиях современного капитализма, М., 1967; Труд и заработная плата в СССР (сб. ст.), М., 1968.

М. Мамадназарбеков.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.