Маълумоти охирин
Главная / Илм / «МУЗДИ КОР, НАРХ ВА ФОИДА»

«МУЗДИ КОР, НАРХ ВА ФОИДА»

marks«МУЗДИ КОР, НАРХ ВА ФОИДА», асари К. Маркс, ки онро 20 ва 27 июни 1865 дар мачлиси машваратии Совети генералии байналхалкии рафокати коргарон (Интернационали I) маъруза кардааст. Маърузаро чавобан ба баромади Ч. Уэстон (аъзои Совети генерали, яке аз пайравони Р. Оузн), ки муборизаи пролетариатро барои зиёд кардани музди кор бефоида ва иттифокхои касабаро зараровар мехисобид, тайёр карда буд. Аввалин бор соли 1898 ба забонхои англиси, немиси ва руси интишор гардидааст. Соли 1963 ба точики тарчума шудааст (К. Маркс, Ф. Энгельс, Ас. мунтах., ч 1. сах 415). Дар ин асар масъалахои назариявии иктисоди сиёси дар алокаманди бо вазифахои амалии муборизаи синфии пролетариат хаматарафа тахлил шудааст. К. Маркс акидаи Ч. Уэстонро, ки гуё арзиши молро музди мехнат муайян мекунад, фоида ва рента бошад, иловаи фоизии он мебошад ва хар гуна зиёдшавии музди кор боиси ба таври автомати баланд шудани нарх мешавад, рад кард. К. Маркс бар хилофи акидаи хатои у, назарияи илмии арзишро пеш гузошт, омилхоеро, ки самарабахшии мехнат ва арзиши молро муайян мекунанд, тахлил кард; назарияи андухти ибтидоии капитал, арзиши кувваи кори, истехсоли арзиши изофи ва ба фоида, рента, фона таксим шудани онро мухтасар баён намуд. К. Маркс рол ва ахамияти муборизаи иктисоди ва сиёсии продетариатро дар шароити капитализм муайян намуд, максаду вазифахои харакати синфии касбии пролетариат, стратегия ва тактикаи иктисодии онро илман асоснок кард. Асари К. Маркс «М» дар шароити хозира хамчун аслихаи назариявии мубориза бар зидди буржуазия ахамияти калон дорад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …