Маълумоти охирин

МУЗАХО

muzahoМУЗАХО, дар мифологияи юнониёни кадим олихахои назм, санъат ва илм. Музахоро илхомбахши шоирону санъаткорон мешумурданд; дар кисми даромади асархои атика Музахоро ситоиш мекарданд. Номи 9 Музахо аввалин бор дар «Теогония»-и Гесиод (асри 7 то м.) ёдовари шудааст. Бо номи Музахо марбут донистани сохахои чудогонаи илм ва санъат дар даврахои охири атика ба вукуъ пайваст. Мувофики ин акидахо Евтерпа хомии назм ва мусики, Клио—таърих, Талия — мазхака. Мелнамена — фочиа, Терпсихора — ракс, Эрато — лирикаи ишки, Полигимния — гимнхо, Урания — астрономия, Каллиопа — эпос ба шумор мерафт. Аполлонро худои Музахо мехисобиданд. Образи Музахо дар осори санъати тасвирии Европа (асархои С. Боттичелли, Я. Тинторетто, Ч. Тьеполо ва дигар инъикос ёфтааст.

 

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …