Маълумоти охирин

МУВАШШАХ

МУВАШШАХ (ар. — ороста, зиннат додашуда), 1) шеърест ба шакли рубои, касида, газал ва г., ки агар калимахои аввалу миёнаи мисраъ ё абьёти он чамъ карда шавад, номи шахсе аз он мебарояд. Мас.:

Маъшука дилам ба тири андух бибаст,

Хайрон шудаму касе намегирад даст.

Мискин тани ман зи пои мехнат шуда паст,

Дасти гами дуст пушти сабрам бинишаст.

Агар сархарфи мисраъхои ин порчаро чамъ кунем, мувофики навишти араби номи Мухаммад хосил мешавад. 2) касидаеро низ Мувашшах гуянд, ки кисм ё рукнхои чудогонаи байтхои он як чо чамъ оварда шавад, боз як касида, китъа ё рубои дар байти дигар бармеояд:

Беш аз андозаи ин тоифа бар банда гузашт,

Чуди ту бори гарон з-он ду кафи гавхарбор.

Дигаронанд чу ман бандаву ман банда зи шукр,

Очизам чун дигарон в-аз хичили гашта фигор.

Ачз як су неху ангор, ки кардастам чурм,

Суи афват нигарон мондаву дил бар тимор.

Ту худованди, эхсон куну ин чурм ба фазл,

3-ин рахи даргузарон, з-он-к туй чурмгузор…

Фикрахои бо фарохчини чопшудаи ин касидаро чамъ кунем, ин ду байт хосил мешавад:

Вар банда гузашт чуди ту бори гарон,

Ман банда зи шукр очизам чун дигарон.

Кардастам чурм, суи афват нигарон,

Ин чурм ба фазл з-ин рахи даргузарон.

Ад.: 3ехни Т., Санъати сухан, Д., 1979.

С. Имронов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …