Маълумоти охирин

МУТРИБИ

personМУТРИБИ  (1558, Самарканд — 1629, Хиндустон), номи аслиаш Султонмухаммад, шоир ва тазкиранависи точик. Мутриби тахаллуси уст. Шогирди Нисории Бухорои. Асосан дар Самарканду Бухоро тахсил карда, баъд ба Хиндустон рафтааст. Хамчун шоир ва мутриб шухрати калон доштааст. Сарчашмахо Мутрибиро сохибдевон мешуморанд, вале девони у то хол пайдо нест. Ашъори парокандаи у шаходат медихад, ки аз носозгорихо ва беадолатихои рузгор бисёр азият кашидааст:

Фалак захри халохил то ба кай дар согарам резад,

Ва з-ин май ашки хуноби дил аз чашми тарам резад.

Гами май касе шиносад, ки дили фигор дорад,

Чигари хазорлахту гами бешумор дорад.

Вале Мутриби асосан бо ду тазкиран худ— «Тазкират-уш-шуаро* ва «Таърихи Чахонгири» машхур аст. «Тазкират-уш-шуаро» (таълифаш 1605) дар бораи бештар аз 350 нафар адиб, сохибзавкони адабиёту санъат, уламо ва гайра, ки дар нимаи дуюми асри 16 ва ибтидои асри 17 асосан дар Мовароуннахр зиндаги ва эчод намудаанд ва доир ба робитахои адабии мардуми Мовароуннахр, Хиндустон, Озарбойчон, Эрону Афгонистон, Ироку Кошгар ва гайра маълумот медихад. Тазкираи дигари Мутриби «Таърихи Чахонгири» (таълифаш 1624—27) ахволу ашъори шоирони форсизабони Хиндустонро дар бар гирифгааст, Ин асар бо кушиши А. Мирзоев соли 1976 дар Покистон ба табъ расидааст. Нусхахои дастнависи асархои Мутриби дар китобхонаи Институти шаркшиносии Академияи Фанхои Узбекистон махфузанд. Онхо барои омузиши хаёти адабии асрхои 16—17 аз маъхазхои мухим ба хисоб мераванд.

Адабиёт: Н а з и р о в У., Мутрибни Самарканди. журнали «Мактаби совети», 1973. № 2.                               У. Назиров.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …