Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУТАСИЯ

МУТАСИЯ

mutasiyaМУТАСИЯ (аз лотини mutatio — тагйирёби, ивазшави), тагйирёбии структураи ирсии материяи зинда, ки шомил ва нокили ахбори генетики аст. Тамоми шаклхои хаёт — аз вирусу микроорганизмхо cap карда, то набототу хайвонот ва одам кобили Мутасия мебошанд. Организмхои дар натичаи Мутасия тагйирёфта мутант ном доранд. Вохиди Мутасия мутов (элементи майдатарини ген) буда, тагйирёбии он боиси пайдоиши мутантхои нав мегардад. Хангоми Мутасия аломатхои морфологи (масалан, резамутантхои набототу хайвонот), физиологи (махсулнокии организм) ва биохимияви (тар-киби химияви)-и организм тагйир меёбад. Истилохи «Мутасия»-ро ба генетика олими голланд X. Де Фриз (1901) дохил кардааст.

Се хели Мутасия маълум аст: геноми, хромосоми ва геви. Хангоми Мутасияи геноми микдори хромосомахои махсус (анеуплоидия) дар таркиби хромосома—геномхо (полиплоидия ва гаплоидия) тагйир меёбанд. Мутасияи хромосоми бошад, тагйирёбии гуногуни хромосомахоро дарбар мегирад. Дупликасия (дучандшавии кисмхои хромосомахо), делесия (талафи онхо), инверсия (тагйирёбии тартиби генхо дар натичаи ба 180° чарх задани кисмхои хромосомахо) ва транслокасия (мубодилаи кисмхои байни хромосомахо) ба Мутасияи хромосоми дохил мешаванд. Хангоми Мутасияи г е н и дар сохти химиявии генхои алохида дигаргунихои устувор ба амал меоянд. Маълум аст, ки вайрон гаштани тартиби нуклеотидхои КДН (кислотаи дезоксирибонукле-ат)-и генхо боиси дар хамон молекулаи сафеда иваз шудани аминокислотахои алохида мегардад (нигаред Коди генетики). Ин холат ба тагйирёбии аломатхо оварда мерасонад. Мутасия дар организм ба худи он дахле намекунад ва таъсири он факат дар насл зохир мегардад. Бештари Мутасия зарарнок (ё бефоида) буда, баъзеи онхо фоиданоканд ё хангоми тагйирёбии Мутасияи муфид дар рафти эволюсия ва селексия чун омили интихоб хизмат мекунад. Нигаред низ Мутагенез, Беморихои ирси.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …