Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУТАНАББИ Абуттайиб Ахмад ибни Хусайни Чуъфи

МУТАНАББИ Абуттайиб Ахмад ибни Хусайни Чуъфи

personМУТАНАББИ Абуттайиб Ахмад ибни Хусайни Чуъфи (905, Куфа— 965, Ирок), шоири араб. Аз оилаи машкоб. Мутунабби аз 12-солаги ба шеър-гуи cap кардааст. Дар дарбори хокимони Сурия, Миср, Ирок ва Халаб хамчун шоири касидасаро хидмат кардааст. Барои шеърхои хачвиаш дучори кинаву касос гардида, кушта шуд. Мероси адабии Мутанабби аз мадх, марсия, хаявия, фахр, газал, васф фарохам омадааст. Шоир дар ашъораш ишку мухаббат, орзуву омоли инсони ва ахлоки хучастаро тараннум менамояд. Гохо дар эчодиёти у яъсу ноумеди ба назар мерасад. Мутанаби дар ашъораш баъзан нисбат ба конуну коидахои дини ислом беэътинои зохир кардааст. Эчодиёти Мутанаби ба бисёр шоирони асрхои миёнаи араб ва форс-точик, аз чумла Абулъалои Маарри ва Саъдии Шерози, таъсир кардааст. Девони ашъори Мутанаби аз ду кисм иборат буда, аввалин маротиба аз тарафи худи шоир мураттаб шуда аст; дар асрхои минбаъда бисёре аз с уханшиносон ба он шарху таъликот навиштаанд (Абулъалои Маарри, Вохиди, Акбари, Носифи Езичи, Иброхими Езичи ва гайра). Девони ашъори Мутанаби борхо бо саъйи адабиёт-шиносон нашр шудааст.

Адабиёт: Крачковский И. Ю., Избранные сочинении, том 2, Москва—Ленинград, 1956; Ханна аль-Ф а х у р и. История арабской литературы, том 2, Москва, 1961; Соловьев В.. Фильштинский И.. Юсупов Душанбе, Арабская литература, Москва, 1964. Т. Мардонов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …