Маълумоти охирин

МУТАЛАВВИН

vokalМУТАЛАВВИН (араби— рангоранг), шеърест, ки ба ду вазн ё зиёда аз он хонда мешавад. Чандин газалхои машхури устодони бузурги назми классикии форс-точик Саъди, Хофиз, Сайидо ва дигар дар ду бахр навишта шудаанд. Масалан, ин газали Саъди (матлааш:

Эй боди бомдоди, хуш мерави ба шоди,

 Пайванди рух карди, пайгоми дуст доди)

ва Хофизро (матлааш:

            Дил меравад зи дастам сохибдилон худоро,

           Дардо, ки рози пинхон хохад шуд ошкоро)

дар ду бахр — музореи мусаммани ахраб (мафъулу фоилотун/мафъулу фоилотун) ва мунсарехи мусаммани махбуни макшуф (мустафъилун фау-лун/мустафъилун фаулун) хондан мумкин аст. Дар муайян кардани авзони чунин газалхо оханги хониш, талаффузи калимахо ва тактеи байт роли асоси мебозад. Ин навъи Муталаввинро, ки дар ду бахри мухталиф метавон хонд, дар илми бадеъ зубахрайн гуянд. Маснавии «Мачмаъ-ул-бахрайн»-и Котибии Туршези аз аввал то охир ба ду бахр — сареъ ва рамал навишта шудааст. Инчунин, дар адабиёти форс-точик шеърхое низ дучор меоянд, ки онхоро дар чахор бахр хондан мумкин аст. Мисоли ин як газали Восифист (матлааш:

Наргиси чодуи ту охуи Чин,

Нофаи охуи ту холи чабин),

ки дар «Бадоеъ-ул-ъакоеъ» оварда шудааст. Ин навъ Муталаввинро зубухур мегуянд. Мувофики маълумотп Рашиди Ватвот Маншурии Самарканди доир ба Муталаввин acape доштааст.

С. Имронов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …