Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУТАГЕНЕЗ

МУТАГЕНЕЗ

mutagenezМУТАГЕНЕЗ (аз лотини mutatio — тагйирёбй ва …генез), просесси таг-йирёбии ирси — мутасияро гуянд, ни аз таъсири шароитхои табии (худ аз худ) ё омилхои гуногуни физики ё химияви мутагенхо ба вучуд меояд. Асоси Мутагенезро тагйирёбии молекулахои кислотахои нуклеат, ки нигахдор ва нокили ахбори ирси мебошанд, ташкил медиханд. Ин тагйирёби чун мутасиями гени ё ташаккули нави хромосомахо ифода меббад. Механизми Мутагенез барои мутагенхои гуногун хар хел аст. Афканиши ионизонанда ба кислотахои нуклеат бевосита таъсир намуда, атомхои онхоро фаъол ва ионизасия мекунад. Ин боиси канда шудани силсилаи (занчири) ангиштобу фосфатии молекула ва бандхои гидрогении байни торхои комплементарии КДН (кислотаи дезоксирибонуклеат) мегардад.

Ба рафти Мутагенез омилхои гуногуни беруни таъсири зиёд мерасонанд, масалан, дар зери таъсири афканиши ионизонанда суръати мутасияхо хангоми ба хучайра дохилшавии оксиген афзуда, хангоми норасоии он (агар афканиш дар атмосфераи нитроген ба вучуд ояд) суст мешавад. Баъзе моддахо М.утагенезро бозмедоранд. Масалан, ба хучайра дохил намудани аденозин ё гуанозин таъсири мутагении аналогхои пуринии асосхои нитрогениро бозмедоранд, ферменти каталаза эффекти мутагении афканиши ионизо-нандаро суст мекунад. Хангоми таъсири баъзе мутагенхои химияви мутасия якбора ё баъди чанд вакт, баъзан баъди якчанд насли хуяайра иваз шудан ба вучуд омада метавонад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …