Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУТАДОРИК

МУТАДОРИК

sherМУТАДОРИК (араби-дарёфтан, дарак додан, пайвастан), номи яке аз бахрхои аслии (солими) аруз. Ин бахрро барои он Мутадорик меноманд, ки рукнхои ватад ва сабаби онро баъдтар ёфта, ба аркони дигар хамрох намуданд. Мутадорикро Абулхасан Ахфаши Балхи (вафот 830/33) ихтироъ намуд. Мутадорик дар байни арузиёя бо номхои ракзулхайр (суръатнок) ва савтуннокус (садои зангула), г ар и б низ дучор мешавад. Рукни аслии Мутадорик фоилун (—V—) аст. Дар натичаи каму зиёд гардидани хичову харфхо ё дигар шудани мавкеи хикохои дарозу кутох таркиби он тагйир ёфта, панч зихоф ба вучуд меояд (махбун — фоилун; мактуъ—фаълун; Махбуни мак-туъ—фаал; махфуз—фаъ; музол— фоъ). Аз омезиши рукни асли—фоилун ва зихофхои он зиёда аз шаш навъи бахри Мутадорик дар шаклхои мусамман, мусаддас ва дар эчодиёти даханакии халк, —> дар шакли мураббаъ сохта мешавад.

Мисолхо барои Мутадорик:

  1. Мутадорики мусаммани солим:

(— V —/— V — /— V — /— V —)

Мо ба хам тохтем дар рахи инкилоб,

            Мо зафар ёфтем, босмачи шуд хароб.            (Айни).

  1. Мутадорики мусаммани махбун:

(W —/VV —7VV —/VV — )

Чу рухат набувад гули боги Ирам,

            Чу кадат набувад кади сарви чаман.               (Салмони Совачи).

  1. Мутадорики мусаммани мактуъ:

(           /           /           /           )

То кай моро дар гам дори?

            То кай ори бар ман хори?       (Чоми).

  1. Мутадорики мусаммани махбуни мактуъ:

(— У —/V—/— V—/V—)

Сунбули сиях бар суман мазан,

Лашкари хабаш бар Хутан мазан.                       (Чоми).

Адабиёт: Бахром Сирус, Арузи точики, Душанбе 1963: 3 е х н и Т., Санъати сухан, Душанбе, 1979; Бартельс Е. Э., Грамматика персидского языка. Ленинград, 1926.

У. Тоиров.

 

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.