Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУСУЛМОНКУЛОВ Рахим

МУСУЛМОНКУЛОВ Рахим

personМУСУЛМОНКУЛОВ Рахим (таваллуд 21. 1. 1938, дехаи Ебузи pайони Кубодиён), адабиётшиноси советии точик, доктори илмхои филологи (1980). Аз оилаи дехкон. Университети Давлатии Точикистонро хатм кардааст (1962. Лаборанти калони кафедраи забони араби (1963)            , аспирант (1963—66), муал-лими кафедраи адабиёти советии точики Университети Давлатии Точикистон (1967—79) буд. Аз соли 1980 мудири хамин кафедра. Аввалин маколаи Мусулмонкулов— «Нахустин повести нависандаи чавон» (1960) буда, ронеъ ба асари Б. Ортиков “Таътил» бахс мекунад. Дар маколаву рисолахои Мусулмонкулов масъалахои таърихи адабиёти гузашта, эчодиёти адибони муосир, робитахои адаби, афкори назариявию эстетикии суханшиносони асримиёнагии форс-точик, масъалахои илми бадеъ тахкик шудаанд: «Ёдгори муфид ва Номеъ» (1972), «Дар бораи сохт ва мундаричаи «Бадоеъ-ул-афкор фи саноеъ-ял-ашъор»-и Кошифи» (1973), «Атоуллох Махмуди Хусайни ва баъзе масъалахои тафсири истилохоти адабиётшиноси дар асрхои X— XV» (1973), «Мафхуми «касида» дар сарчашмахои назариявии асрхои XI—XV» (1979) ва гайра аз мухимтарин маколадхои Мусулмонкулов мебошанд. Муаллифи рисолахои «Сачъ ва сайри таърихии он дар насри точик» (1970), «Талаби замон ва равобити адаби» (1973), «Асрори сухан» (1980). Мусулмонкулов дар омузиш ва нашри осори адабиётшиносони асрхои миёна хизмати шоиста дорад. Вай рисолахои адабиётшиносии Атоуллод Махмуди Хусайни «Бадоеъ-ус-саноеъ» (Душанбе, 1974) ва Хусайн Воизи Кошифи «Бадоеъ-ул-афкор фи саноеъ-ил-ашьор»-ро (Москва, 1977) бо мукаддимаю тавзехот ба табъ расонидааст.

Х.Асоев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …