Маълумоти охирин

МУСТАГНИ

personМУСТАГНИ (Абдулали ибни Муллорамазон (1876, Кобул — 1934, хамон чо), шоири афгон. Ба забонхои дари ва пушту шеър менавишт. Дар ибтидо пайрави сабки Бедил буд. Мустагни дар адабиёти муосири Афгонистон аз чумлаи аввалин шоиронест, ки мазмунхои замонавиро дар колибхои шеъри анъанави ифода кардаанд. У дар тамоми давраи мавчудияти рузномаи «Сироч-ул-ахбор» (1911—19) дар он иштирок намуда, бо сармухаррираш Махмуди Тарзи хамкори кардааст. Мустагни яке аз таргибкунандагони гояхои маориф-парварии Махмуди Тарзи буда, инкишофи илму маорифи дунявиро василаи тараккиёти мамлакат медонист. Куллиёти ашъори Мустагни, ки дар замони зиндагиаш тартиб ёфта буд, пас аз вафоти шоир аз матбаа гум шудааст. Ашъори парокандааш бо саъйи дустонаш гирдовари шуда, дар шакли девоне ба табъ расидаанд.

С. Мирзоев.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …