Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУССОЛИНИ (Mussolini) Бенито

МУССОЛИНИ (Mussolini) Бенито

benito_mussoliniМУССОЛИНИ (Mussolini) Бенито, (29. 7. 1883, Форли — 28. 4. 1945, наз-дикии Донго), сардори партияи фашисти ва хукумати фашистии Италия (1922—43), хукумати лухтакмонавди ба ном республикаи Сало (1943—45). Фаъолияти сиёсии худро дар сафи харакати сотсиалисти огоз намуд. Марти 1919 аз чумлаи собик иштирокчиёни Чанги якуми чахони ташкилоти фашисти таъсис намуд. Октябри 1922 бо ёрии капитали монополисти, мутлакият ва Ватикан табаддулоти давлати ба амал овард. Аз соли 1926 ба бархам задани озодихои конститутсиони ва пойдор кардани диктатураи фашисти шуруъ намуд. Иктисодиёти мамлакатро харби кунонида, рохи истилогариро пеш гирифт (соли 1936 Эфиопия, 1939 Албанияро забт кард). Баъди дар Германия баркарор карда шудани диктатураи фашисти (1933) бо он иттифоки сиёсию харби баста, соли 1940 Италияро ба Чанги дуюми чахони кашид. Дар солхои чанг дар муборизаи зидди Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР ва мамлакатхои дигари иттиходи зиддифашисти иттифокчии Гитлер буд. 25 июли 1943 дар натичаи шикасти кушунхои фашистии Италияю Германия ва авч гирифтани харакати зиддифашисти диктатураи Муссолини сарнагун шуд. Дар охирхои Чанги дуюми чахони партизанхо дар наздикии сархади Италияю Швейсария Муссолиниро дастгир намуданд ва бо карори трибунали харбии Комитети миллии озодкунии Италияи Шимоли катл шуд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.