Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУСОВОТ

МУСОВОТ

musavat«МУСОВОТ» (араби— баробари), партияи буржуазию миллатчигии аксулинкилобии Озарбойчон. Соли 1911 дар Боку тахти унвони «Партияи демократии мусулмонии «Мусовот* бо рохбарии М. Расулзода, Г. Шарифзода, А. Козимзода ба вучуд омад. Программам «Мусовот» дар панохи Туркия ташкил кардани давлати ягонаи мусулмон буд. Аммо дар давраи Чанги якуми чахони (1914—18) рохбарони «Мусовот» мусулмононро даъват карданд, ки «то галаба» чанг кунанд. «Мусовот» пас аз галабаи Револютсияи буржуази-демократии феврали 1917 автономиям миллию территорияви талаб накарда, ба тарафдории «Республикаи демократии Россия» баромад. Июни 1917 якчоя бо «Партияи федералистони турк» «Партияи демократии федералистон-мусовотчиёни турк» номида шуд. Ин ном 8 ноябри 1917 дар Съезди 1-уми «Мусовот» тасдик шуд. Съезд программам партияи федералистонро (бо баъзе тагйирот) кабул кард, ки мувофики он сохти давлати ояндаи Россия «дар шакли республикаи демократию федеративии дар асосхои автономияи миллию территорияви» тасаввур карда мешуд. «Мусовот» дар байни озарбой-чонихо миллатчиги, сулхи синфи ва кинаю адовати миллй таргиб намуда, онхоро аз муборизаи револютсиони бозмедошт. Хайати ичтимоии «Мусовот» аз буржуазия ва помещикон, буржуазияи майда, зиёиёни миллатчи ва табакаи акибмондаи дехконони фирефташуда иборат буд. «Мусовот» дар солхои Чанги граждани (1918—20) яке аз куввахои асосии аксулинкилобии Озарбойчон буд. 13 ноябри 1917 баъди ташкил ёфтани Хокимияти Совети дар Боку мусовотчиён 18 марти 1918 исён бардоштанд, аммо исёни онхо торумор гардид. Мусовотчиён дар аввали май 1918 дар Тбилиси хукумати худро ташкил ва 27 май 1918 истиклолияти Озарбойчонро эълон карданд. Июни 1918 хукумат ба Ганча кучид ва бо ёрии интервентхои англис муборизаро бар зидди Хокимия-ти Совети дар Озарбойчон давом дод. Баъди муваккатан сарнагун кардани Хокимияти Совети дар Боку (15 сентябр1918) ва англисхоро рондани кушунхои турк хокимият дар Озарбойчон расман ба дасти мусовотчиён гузашт, вале дар амал диктатураи Харбии турк барпо шуда буд. Баъди ба Антанта таслим шудани Туркия кушунхои турк Бокуро тарк карданд. 17 ноябр ба шахр боз интернвентхои англис дохил шуданд. Мусовотчиён ба интервентхои англис такя карда, тадбирхои сотсиалистии Коммунаи Бокуро (1918) бархам дода, террор чори карданд ва ба интервентхо дар горат кардани нефт ва дигар сарватхои мамлакат ёри расониданд. Августи 1919 интервентхои англис мачбур шуданд, ки Озарбойчонро тарк намоянд. Дар натичаи чидду чахди якчояи коргарону дехконони Озарбойчон ва Армияи Сурх хукумати аксулинкилобии мусовотчиён сарнагун гардид (апрел 1920). Баъди барпо шудани Хокимияти Совети дар Озарбойчон «Мусовот» бархам хурд. Бисёр мусовотчиён ба хорича

хичрат карданд ва кисми аз онхо дар он чо хам фаъолияти зиддисоветии худро давом доданд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.