Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МУШОВАРАИ ИСТЕХСОЛИ

МУШОВАРАИ ИСТЕХСОЛИ

mushovarai-istehsoliМУШОВАРАИ ИСТЕХСОЛИ (аз араби — машварат бо хамдигар ва истехсолот), м а ч л и с и машваратии доимии истехсоли (ММДИ), дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР яке аз шаклхои демократияи сотсиалисти, назорати чамъияти ва калб намудани оммаи мехнаткашон ба корхои рохбарии истехсолот. Аз соли 1958 вучуд дорад. Низомномаи Мушовараи истехсоли бо карори Совети Вазирони Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР ва ВЦСПС аз 18 июни 1973 тасдик шудааст. Мушовараи истехсоли дар саноат (иттиходияхои истехсоли, комбинатхо), наклиёт, сохтмон, муассисахои тадкикоти илми, лоихакаши, ташкилотхои конструктори ва кисмхои структураи онхо (сеххо, шуъбахо, лабораторияхо ва гайра), ки на камтар аз 300 нафар хизматчи доранд, дар муассисахои хочагии халк, алока, савдо, хизмати маиши ва гайра ва кисмхои структурии онхо, ки на камтар аз 100 нафар коргар доранд, ташкил карда мешавад. Шумораи хайати Мушовараи истехсолиро мачлиси умуми (конференсия) муайян мекунад. Коргарону хизматчиён, намояндагони рохбарият, ташкилотхои партияви, комсомоли, иттифоки касаба, советхои чамъиятхои илмии техники ва чамъияти ихтироъкорону навоварон аъзои Мушовараи истехсоли буда метавонанд. Мушовараи истехсолиро иттифокхои касаба интихоб ва ба кораш рохбари мекунанд. Мушовараи истехсоли аз руи зарурат, вале камаш дар дар квартал як маротиба гузаронида мешавад. Мушовараи истехсоли  ичрои бомуваффакияти планхои давлати, инкишофи мусобикаи сотсиалисти, истифодаи пурраи захирахои дохилии истехсолот, харчониба баланд бардоштани самаранокии мехнатро таъмин карда, барои тезонидани прогресси илмию техники, тартиб додану мухокимаи лоихаи планхои чори ва перспективи (инкишофи ичтимоии коллектив, тадбирхои ташкилию техники, чори намудани техникаи нав, механикони ва автоматонии истехсолот), мудохизати моликияти сотсиалисти ва гайра мадад мерасонад; масъалаи истифодаи фондхои хавасмандии иктисоди, планхои сохтмони саноати, бинохои истикомати, маишию маданиро дида мебарояд ва оид ба такмил додани методхои рохбарии муассисаю ташкилотхо таклифхо пешниход мекунад.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …