Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУШИРИ Фаридун

МУШИРИ Фаридун

nophotoМУШИРИ Фаридун (таваллуд 1925, Техрон), шоири эрони. Маълумоти ибтидои ва миёнаро дар Машхад гирифта, муддате дар Вазорати почта ва телеграф кор кард. Сипас шуъбаи журналистии Университети Техронро хатм намуда, мутасаддии кисмати адабии мачаллаи «Равшанфикр» гардид. Ашъораш дар матбуоти давраги аз ибтидои солхои 50 нашр мешавад. Мачмуахояш бо унвонхои «Ноёфта» (1955), «Гунохи дарё» (1956), «Абр» (1961), «Абр ва куча» (1966), «Бахорро бовар кун» (1968), «Парвоз ба хуршед» (1968) ба табъ расидаанд. Шеърхои солхои 50-уми Мушири бештар эътирози руйрости шоирро нисбат ба нобаробарихои ичтимои дар бар гирифта, рухияи зиёиёни пешкадами Эронро дар давраи авчи харакати демократи ва зиддиимпериалисти (ибтидои солхои 50) инъикос менамоянд. Дар эчодиёти солхои 60—70-уми Мушири мавзуъхои лирики ва фалсафи макоми махсус доранд. «Губори оби» ном шеъри Мушири ба нахустин парвози инсон (Юрий Aлексеевич Гагарин) ба фазои коинот бахшида шудааст.

Мушири яке аз намояндагони барчастаи чараёни “шеъри нав” дар Эрон ба хисоб рафта, аз пайравони Нимо Юшич мебошад. Ашъораш дар колабхои арузи озод, шеъри сафед, шеъри мансур ва шаклдои анъана-вй — газал, китъа, дубайти ва гайра гуфта шудаанд.

Адабиёт: Кляшторина В. В., Современная персидская поэзия, Москва, 1962. А. Абдуманнонов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …