Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУШАЪШАЪ

МУШАЪШАЪ

nophotoМУШАЪШАЪ (араби — шаъшаанок, шуоъдор, равшан; лакаби сайид Мухаммад) (соли таваллуд номаълум — вафот 1465/66), рохбари як чараёни шиа, асосгузори давлати хурде дар Хузистон. Худро дар чавони саромади Махди ва баъзан Махди меномид. Соли 1440 (ё 1441) ба шуриши чанде аз кабилахои араб дар чануби Ирок рохбари кард. Ба шуриш дехконон, кам-багалон ва хунармандони шахрхои Хузистон хамрох шуданд. Шуришгарон ашрофони махалли ва рухониёни сунниро cap бурида, замин ва моли онхоро байни худ таксим, лашкари феодалиро, ки аз Форс ба мукобили онхо баромад, торумор карданд. Шуриш соли 1442 шикаст хурд. Мушаъшаъ соли 1457 (ё 1458) дар худуди Хувайза мисли давлати сарбадорон давлати хурди шиа ташкил дод, ки он баъдтар ба давлати оддии феодали табдил ёфт ва то солхои 30 асри 18 чун вассали Сафавиён вучуд дошт.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.