Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРУРИ ЗАМОН

МУРУРИ ЗАМОН

mururi-zamonМУРУРИ ЗАМОН, мафхумест, ки тафовути вокеии гузаштаю ояндаи ашёву ходисотро инъикос намуда, барои мантикан тасвир кардани просессхои барнагарданда ёри мерасонад. Кариб хамаи конунхои физикаи муосир вакти пешраванд а (бо истилохи математики — аломати самташ мусбат) ва вакти акибраванда (аломати самташ манфи) -ро аз хам фарк намекунад. Ин чунин маъни дорад: ходисае, ки ру ба самти муайян чараён мегирад, метавонад ба равиши мукобил низ амал пазирад. Вале хама медонанд, ки дар асли хол ин тавр нест: хезуми сухта хокистаршуда аз нав пайдо намешавад, ситораи нурафкан рузе шуоъхои ба фазо пахнкардаашро боз гардонида, аз нав наметафсад, одамон торафт пир мешаванду чавон не ва хоказо.

Инак, илму фалсафаи имруза дар зимни мушохидаву чамъбасти ходи- саву падидахои мухталифи табиату чамъият ба хулосае меояд, ки онро бо забони образноки физики маъруфи америкои Ричард Фейнман бо тарзи зерин ифода кардан мумкин аст: дарахти арчаро бурида, аз он дастаи каланд сохтан мумкин асту аз каландаста хамон арчаро офаридан мумкин нест. Физикаи асри гузашта махз аз хамин факту далели раднопазир илхоми гояви гирифта, пеши худ чунин вазифа гузошта буд: бояд конуне ё принсиперо дарёфт, ки он яктарафа чараён гирифтани ходисоти олами модди, яъне Мурури замонро ба расмияти илми дароварда тавонад. Вале ин вазифа зотан ба ниходи физикаи онвакта бегона буд.

Бо вучуди он хама тараккиёти пуравче, ки физика дар тули хафтод соли охир аз cap гузаронид, олимон ин вазифаро ба ичро расонда натавонистанд. Хатто механикаи кванти ва назарияи нисбият барин кашфиётхои инкилоби хам ниходи физикии вактро равшан карда натавонистанд. Дар натича мафхуми вакт дар таркиби консептуалии физикаи муосир мисли пештара ноаён ва хатто «гайриконуни» чой гирифтааст. Хушбахтона, солхои охир вазъият ба кулли тагйир ёфта истодааст. Акнун физикхо аз сари нав ба муаммои Мурур замон мароки чидди зохир намуда, дар ин сохаи тадкикот чустучухои тозаро ба амал бароварда истодаанд. Вазъияти умумии физикаи муосирро чамъбасту хулоса кар­да метавон гуфт, ки дар мархилаи хозираи инкишофи илму фалсафа муаммои Мурури замонро ба таври бояду шояд хал накарда, дар рохи тадки- ки табиат икдоми бузурге кардан амри махол аст. Инро хар чи бештар худи мухаккикони табиатшинос амик дарк карда истодаанд. Дар ин бора барномаи тахкикотии физи­ка ва космологияи имруза возеху аён шаходат медихад.

Адабиёт:    Энгелс Фридрих, Анти-Дюринг, Душанбе, 1976; Ленин Владимир Илич, Материализм ва эмпириокритисизм, Асархо, чилди 14; А с к и н Я. Ф., Проблема времени, Москва, 1966 Сучкова Г. Г. и Турсунов А., Проблемы анизотропии времени и кос­мология, «Вопросы философии», 1971, № 12 Турсунов А., Направление времени. Новые аспекты старой пробле­мы, «Вопросы философии», 1975, №3.       Г. Сучкова.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.