Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУРУДИ ХИРСАК

МУРУДИ ХИРСАК

murudi-hirsakМУРУДИ ХИРСАК, хирсакмуруд (Pyrus regelii), дарахтест аз оилаи настаранихо. Баландиаш 1,5— 6 метр (диаметри танааш то 60 сантиметр),

Муруди хирсак:      1 — шохчаи гул; 2 — мева. пустлохаш ашхаби, сиёхтоб, баргаш 3—9-хиссаги (дарозиву бараш 7—8 сантиметр), хушагулаш в—19-гула, гулаш сафеди 3— 10-гулбарга, мевааш (6 гула) мудаввар, хеле сахт, талху турш. Апрел гулу август— сентябр мева мекунад. Танхо дар Осиёи Миёна (Помиру Олой ва Тиёншон) месабзад. Дар Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон дар каторкуххои Курама, Зарафшон ва кухи Мугул (Мевагул) пахн шудааст. Одатан дар нишебихои санглохи арчазор ва бодомзор (700—2200 метр аз сохили бахр) меруяд. Да­рахти гармибардор буда, нишебихои санглоху региро мустахкам карда, хокро аз эрозия нигох медорад. Ба Муруди хирсак навъхои нокро пайванд мекунанд. Мевааш бадсифат ва адамия­ти истехсоливу истеъмоли надорад.

Адабиёт: Дикие плодовые Таджикистава, Ленинград, 1964; Флора Таджикской Союза Советских Сотсиалистических Республик. том 4, Ленинград, 1975; Запрягаева В. И., лесные ресурсы Памиро-Алая, Ленинград, 1976.

А. А. Ашуров.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …