Маълумоти охирин

МУРРЕЙ

daryoi-murreyМУРРЕЙ, Марри (Murray), дарёи калонтарини Австралия. Тулаш 2570 километр (аз сархади дарёи Дарлинг—3750 километр). Масохати хавзааш 1160 хазор километр1. Аз куххои Алпи Австралия огоз ёфта, ба укёнуси Хинд мерезад. Кисми зиёдаш аз хамворихои хушки камбориш, ки нохияи мухимтарини хочагии кишлоки Австралия мебошад, мегузарад, Шохобхои асосиаш:            Маррамбичи ва Дарлинг (аз рост}. Манбааш барфу борон. Бахору тобистон (дар мавсими боронгари) Муррей пуроб ва зимистон хеле камоб мегардад. Сарфи миёнан солонаи об 470 метр/сония; аз дарё соле ба хисоби миёна 14,8 километр об чори мешавад. Аз резишгох то шахри Олбери киштихои хурд мегарданд. Оби Муррей барои обёри истифода мешавад. Дар Муррей ва шохобхои он обанбор (Илдон, Хюм, кули Викто­рия ва гайра) в а ГЭС-хо сохта шудаанд. Мохигири ва дар обанборхои дарё мохипарвари таракки кардааст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …