Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / МУРМАНСК

МУРМАНСК

murmanskМУРМАНСК, шахр, маркази вилояти Мурмански Республикаи Советии Федеоативии Сотсиалистии Россия. Дар сохили халичи Колаи бахри Баренс вокеъ гаштааст, Бандари Мурманск ях намебандад. Стансияи рохи охан. Адолиаш 381 хазор нафар. (1979). Мурманск маркази калони мохигири ва кор- карди мохи. Корхонахои мухими саноатиаш: иттиходияи «Судоверфь!, устохонахои таъмири кишти, комбинати хонасози, фабрикахои мебел ва дузандагй. Флотхои трали, шикори шурмохи ва кабули наклиёт мавчудавд. Институти тадкикоти илмии кутбшиноси ва лоихакашии хочагии мохигирии бахри ва укёнуснигории ба номи Н. М. Книпович, омузишгохи олии инженерии бахри, институти педагоги, омузишгоххои педагоги, бахрнаварди, тибби, мусики, театри драмаи вилояти, театри лухтак, музеи харбию бахри дорад. Мурманск 21 сентябр 1916 ба муносибати дар халичи Кола сохта шудани бандар ва рохи охан Мурманск бунёд ёфт. Шахр бо ордени Байраки Сурхи Мехнат мукофотонида шудааст (1971).

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …