Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУРИЛО Бартоломе Эстебан

МУРИЛО Бартоломе Эстебан

murillo-estebanМУРИЛО (Murillo) Бартоломе Эстебан (гусли таъмидаш 1. 1. 1618, Севиля — 3. 4. 1682, хамон чо), рассоми испанй. Дар Севиля тахсил ва кор кардааст. Яке аз асосгузорон (1660) ва аввалин президенти АР-и махалли. Дар нахустин асархои у таъсири каравачизм (равияи Каравачо) мушохида мешавад. Сахнахои дини хамчун вокехдои хаёти халк тасвир шудаанд. Аз соли 1650 Мурило бештар дар за­минаи тасвири табиат ба офаридани композитсияхои дини ру меорад (чунончи, лахзае аз хаёти модархудо «Истирохат дар рохи Миср», 1665-70, Эрмитаж, Ленинград, ки зарофат ва хассосияти зани некдили испаниро тачассум мекунад). Хусусияти реалистии асархои у дар силсилаи расмхои чандапушони севили («Бачагони мевадардаст», 1645—54) равшан зохир гаштааст. «Оилаи мукаддас» (1645—50, Прадо, Мадрид), «Писарбача бо саг» (Эрмитаж), «Мадоннаи лули» (1670—80) низ аз асархои машхури Мурило мебошанд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …