Маълумоти охирин

МУРГ

murgМУРГ, мурги хонаги, паррандаест аз катори мургихо; номи умумии паррандахо. Мурги хонаги аз Мурги вахшии банкиви (Gallus banki- va) пайдо шудааст. Мург сернамудтарин паррандаи хочагии кишлок мебошад. Мургро барои тухму гушт, пару тибит пар­вариш мекунанд. Вобаста ба зот Мургро ба гуруххои тухмдех (серпушт), гушту тухмдех ва гуштдех чудо ме­кунанд. Мурги тухмдех хачман хурд, тезрас аст. Мурги г у ш т у тухмдех калончусса ва мушакхояш инкишофёфта буда, суст ка­лон мешавад. Точи аксарияти Мурги тухмдех баргшакли 2—3-дандонадори ба як тараф моил ва нулаш андак кач мешавад. Ранги нулу точи аксар Мургххо якхела (зард, гулобитоб, сиёх ва гайра) мешавад. Ранги па­ру боли Мург гуногун аст. Вазни Мурги тухмдех 1,8—2,2 (хурус 2,7—3,0) килограмм; гушту тухмдех 2,5— 3,0 (хурус 3,5— 4,0) килограмм; гуштдех 3,0—3,5 (хурус 3,5—4,5) килограмм мешавад. Вазни чучахои нав аз тухм баромада — 30—35 грамм. Ода­тан, баъди 70—80 шаборуз вазни чучахои Мурги зоти тухму гуштдех назар ба тухмдех 20-30% зиёд мешавад. Мург аз 5—6-мохаги тухм мекунад; соле 200—220 ва дар хочагии зотхои бехтарин 220—250 (рекордиаш 365) дона тухм мекунад. Тухми Мурги гушту тухмдех назар ба тухми Мурги тухмдех хурдтар мешавад. Баробари фаро расидани давраи тулак Мург aз тухм мемонад, ки он асосан аз 2—3 хафта то 2 мох давом мекунад. Пас аз тулак дар холати мавчуд будани шароит ва хуроки хуб Мург боз ба тухм медарояд. Кобилияти тухмкунии Мург тахминан 10 сол мебошад. Селаи Мурги зотиро 55—60% чавона, 30—35% Мурги дусола ва 10% сесола ташкил медихад. Хурусро то ду ва бехтаринашро то се сол нигох ме- доранд. Чучадоро дар инкубаторхо мебароранд. Давраи инкишофи чанини чуча ба хисоби миёна 21 шаборуз аст. Дар Точикистон мургони гуруххои тухмдех, тухму гуштдехро парвариш мекунанд. Тухмдех дар хамаи хочагихои мургпарварии рес­публика (ба гайр аз фабрикаи бройлерпарварии Орчоникидзеобод), тухму гуштдех дар фабрикаи мургпарварии Панчакент ва гуштдех (бройлер) дар фабрикаи Орчоникидзеобод парвариш мешавад. Нигаред низ Мургпарвари.

Адабиёт: Сельскохозяйственная птица, том 1—2, Москва, 1962; Смет не в С. И., Пти­цеводство, Москва, 1970.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.