Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРГОБИХО

МУРГОБИХО

murgobiМУРГОБИХО (Anatidae), як оилаи паррандахои обиро гуянд, ки ба катори козшаклхо мансубанд. Дарозии танаашон 29—150 сантиметр. Панча- хои пояшон бо парда пайваст шудаанд. Пархояшон зичи сафед, чигари, бур ва сиёх аст. Аксари Мургобихо хеле хуб парвоз карда ва ба об гута за­да метавонанд. Ба Мургобихо ку, коз, мур­гоби ва казарка мансубанд. 147 намуди Мургобихо (аз 43 чинс) дар хама чо зиндаги мекунанд. Дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР 58 намудашоя, аз чумла 8 намуди гайримукими (аз 15 чинс) ва дар Точикистон кариб 15 намуди Мургобихо (масалан, рози кухи, мургобй ва гайра) дучор мешаванд. Мургобихо дар замин, харсангхо, ковокихои дарахт лона сохта, 2—16 тухми якранг (сафед, сабача ё зардча) мегузоранд. Хурокашон растани ва хайвонхои обии бемухра мебо- шанд.

Адабиёт: Абдусалямов И. А.. Фау­на Таджикской Советской Социалистической Республики, том 19, чилди 1., Птицы, Душанбе. 1971.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.