Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРГИХО

МУРГИХО

murgihoМУРГИХО (Galliformes), як като­ри паррандахоро гуянд. Дарозии та- нашон аз 12 то 235 сантиметр, вазнашов аз 45 грамм (бедонаи пакана) то 22,5 килограмм (мурги марчони хонаги) мебошад. Мургихо нули кутох, пойхои бакувват, бо­ли пахн ва пархои зич доранд. Дар аксари онхо диморфизми чинси (фаркияти наринаю модина) инкишоф ёфтааст. Ранги Мургихои нарина нисбат ба ранги Мургихои модина равшантар мебошад. Мургихо ба 2 зеркатор таксим мешаванд: гоасинхо (факат 1 намудро дар бар мегиранд- Opisthocomus hoatzin) ва мургхо (240 намуди мургхои хозира ва кариб 100 намуди мургхои хафриётро дар бар мегиранд). Зеркатори мургхо ба 6 оила чудо мешаванд: мурги куланг, краксхо (гокко), тазapв, тигав, мурги султони ва мур­ги марчон. Мургихо кариб дар хама чо (гайp аз Антарктика), аз тундра то бешахои тропики зиндаги мекунанд. Бештари Мургихо паррандахои полигам буда, нарина дар тарбияи насл иштирок намекунад. Мургихо дар замину да­рахт лона сохта, аз 2 то 20 дона тухм мегузоранд. Дар 14—30 шаборуз аз тухм чуча мебарояд. Гизои чучахо кирму хашарот ва гизои паррандахои ба воя расида галладона, мугча, гучуммева ва гайра мебошанд.

Хамаи Мургихо (гайр аз гоасин) ахамияти саноати доранд. Баъзе Мургихо (тазарв, кабк, кабки дари ва гайра)-ро дар хочагихои шикори парвариш меку­нанд. Мург, мурги марчон ва мурги султони ром карда шудаанд.

Тасвир дар сахифаи 577—578.

Адабиёт: Жизнь животных, том 5, Москва, 1970.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.