Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРГИ СУЛТОНИ

МУРГИ СУЛТОНИ

murgi-sultoniМУРГИ СУЛТОНИ, сесарка (Numididae), оилаи паррандахои мургмонанд. Дарозии баданаш 30— 75 сантиметр, калончусса, пойхояш бакув- ват, cap ва кисми гарданаш бепар, параш сиёх ё хокистарранги чипор. 4 чинс ва 7 намуди Мурги  султони маълум аст. Дар Африка, чануби Сахрои Кабир ва чазираи Мадагаскар маскунанд; эхтимол ба Арабистони Чануби Гарби ва чазираи Коморск бурда бошанд. Дар даштхои алафзори тропики, пахтазор ва чангал зиндаги мекунад. Се­ла-села дар замин гашта, шабро дар дарахт мегузаронад. 7—20 дона тухм мегузорад. Дон, шохчахои наврас, пиёзак, хашарот ва дигар бемухрагонро мехурад. Мурги султони паррандаи сайдист.

Мурги султонии х о н а г и (нигаред расм) аз Мурги султонии мукаррари (Numida meleag- ris), ки дар Африкаи Гарби зиндаги мекунад, пайдо шудааст. Бори аввал дар Юнони Кадим ва Рим хонаги кардаанд. Танаи Мурги султонии хонаги дароз, сараш кариб бепар, точаш сурхтоб (бунаш устухони), дар болои нули чангакмонандаш пардахалтаи бунафшранги овоз дорад. Болаш мудаввар, думаш кутохи ба поён хамида, кафи пояш барчаста, бе пих, хокистарранг ё гулоби. Па­раш ашхаби, кабуд, сафед, чипор мешавад. Пари чучааш одатан ках- варанг. Мурги султони хуб давида ё парвоз карда метавоиад. Мурги султони болиг ба хунуки тобовар аст ва ба шароити махал нагз мутобик мегардад. Мурги султониро барои истехсоли гушт парвариш мекунанд. Дар 6—8 мох болиг ва дар хочагихо 2—3 сол истифода ме­шавад. Дар гала ба 4—6 мокиён як хурус мегузоранд. Хурусхои болиг то 2 килограмм, мокиён 1,8 килограмм, бройлерхои 70—75-рузааш кариб 1 килограмм вазн доранд. Гушти Мурги султонии наврас мулоим, хуштаъму сергизост. Соле 70—120 дона тухм медихад; тухмаш нокшакл, кахваранг (вазни яктоаш 42— 45 грамм), зардиаш серкаротиноид мебошад. Дер мепояд ва кимати гизоияшро гум намекунад. Дар давоми 28 шаборуз чуча мебарорад.

Мурги султонии болигро дар мургхона (зимистон) ё дар хавои кушод, дар шипангхои болопушида (тобистон), мокиёнхои тухмдехро дар катакхо ни- гох медоранд. Чуча-бройлерхои Мурги султониро дар мургхона ё катак парва­риш кардан мумкин аст. Ба онхо дар як шаборуз 3—4 маротиба хурок (асосан комбикорм) медиханд; хурокии сабз, орди алаф, моддахои минерали, сафеда ва гайраро низ истифода мебаранд. Вояи хуроки Мурги султони (мокиён) бояд 16—18% протеин ва 3000 килокаллория/килограмм энергияи мубодилави дошта бошад. Воян хуроки бройлерхо аз 45-рузаги то охири парвариш 20% протеин ва 3050 килокаллория/килограмм энергияи мубодилави дорад. Мурги султони нис­бат ба дигар паррандахои хочагии кишлок ба касалихол сирояти ва навазиони бештар тобовар аст. Барои онхо аз хама бисёртар трихомонез, тоун, гетераксидоз хавфнок аст. Дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР парвариши Мурги  султони махсусан дар вилоятхои Новосибирск, Омск, Республикаи Автономиии Советии Сотсиалистии Кабардино Балкария, Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Бошкирия ва гайра таракки кардааст.

Дурагахои Мурги султони бо мург, тазарв ва мурги марчон бенасланд.

Адабиёт: В е Я ц м а я Л. Н., Сесарки, Москва, 1970.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.