Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРГИ ХИЛОЛ

МУРГИ ХИЛОЛ

murgi-hilolМУРГИ ХИЛОЛ, кабки хилол хулол (Tetraogallus), чинси паррандахои мургмонанди мансуби оилаи тазарвихо, Дарозии баданаш 50- 70 сантиметр, калончусса, пойхояш бакувкат. Мурги хилол дар баландкуххои Кавказ, Си­бири Чануби, Осиёи Хурд, Миёна ва Маркази зиндаги мекунад. Хамаи 5 намуди Мурги дхилол: кавкази (Т. caucasicus; асосан каторкуххои Кавказ); каспиги (Т. caspius; Арманистону Кабуддог); химолой ё сиёхшикам (Т. himalayensis; Tиёншон ва Помиру Олой); олтой (Т. altaicus; Олтой ва Саян); тибети (Т. tibetanus; кисми шаркии Помир) дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР маскан гирифтаанд.

Мурги хилоли т и б е т и (нигаред расм) яке аз намудхои хурдчуссатарин мебошад. Дар куллахои баланд (болотар аз 4300 метр аз сохили бахр) дучор меояд. Рангаш ашхаби (баъзе чойхояш сафедтоб), cap, гарданаш хокистарранги тиратоб, нулаш нугкачи гулоби. Дар нишебихои кух хеле чобукона медавад. Дарозии болаш 258—271 миллиметр вазнаш то 2 килограмм. Мурги хилоли тибети берун аз худуди Точикистон дар Ocиёи Маркази, дар Шимол то Сичуани, дар Чануб то Химолой вомехурад. Дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР факат дар Помир хаст. Микдораш хеле кам. Паррандаи алафхур (гул, шохчаву барг, дон, реша, пиёзак). Дар зери сангпора, ковокии сангхо лона месозад ва 5—6 дона тухми кабудтоби холдор мегузорад; баъди 20—22 руз чуча мебарорад. Душмани асосии Мурги хилол рубох ва бургуг аст. Онро шикорчиён низ нобуд мекунанд. Аз ин сабаб микдори Мурги хилоли тибети дар Помир нихоят кам шу­дааст. Холо шикори Мурги хилоли тибетт манъ аст. Онро ба «Китоби сурхи байналхалки дохил кардаанд.

Адабиёт: Абдусалямов И. А. [ва дигар], Редкие и исчезающие животные Таджикистана, Душанбе, 1976.

И. А. Абдусаломов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.