Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУРЧ

МУРЧ

murchМУРЧ, мурчи с и ё х, фулфул, ф и л ф и л, (Piper nigrum), буттаи лианмонандест аз оилаи  мурчихо. дарозиаш то 12 метр; пояи борик, барги байзашакли думчадори пайдархам чойгиранда, хушагули саракмонанд (дарозиаш 5—10 сантиметр), гули май­даи сафед ё зардтоб ва гураки якпалла дорад. Аз вазиши бод гардолуд мешавад. Мевааш доначаи яктухма (диаметраш 3—5 миллиметр), тунди сабз ва баъди пухтан сурх мешавад. Мурч буи хуш дорад. Донаи Мурчро дар нимхоми мегундоранд; баъди хушконидан сиёх мешавад. Мурчии куфта ё фулфули суда дар саноати хуроквори ахамияти калон дорад. Дар кишвархои Шарк аз замонхои кадим маъмул буд. Мурчро пеш ба Осиёи Миёна ва аз чумла ба Точикистон аз Хиндустоп меоварданд. Дар тиб хамчун воситаи иштихоовар ва хозим истифода мешавад, инчунин чузъи таркибии баъзе дорухо мебошад.

Мурч: 1—шохчаи гул; 2—мева.

Мурчии худруй дар Осиёи Чануби Шарки ва Хиндустон месабзад. Мурч беш- тар дар нохияхои тропикии Осиё (махсусан дар Хиндустон, чазирахои Суматра, Ява, Борнео, Шри-Ланка ва гайра), Африкаи Шарки ва Америка кишта мешавад. Дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР факат дар гармхонахо парвариш мекунанд.

Мурчро бо тухм ё кучат зиёд мекунанд. Нихоли Мурч баъди 3—4 соли кишт ва баъди 5—б мохи кучат гул мекунад. Мевааш баъди 8—10 мох мепазад. Аз хар як растани 0,6—1,5* килограмм хосил мегундоранд. Тундии мурч ба микдори моддаи пиперин (5— 9%), буяш ба равгани эфир (0,9— 2,5%) вобаста аст, инчунин 1—2% зифт, 6—12% равган ва охар дорад.

Адабиёт: Буш Н. А., Систематика выс­ших растений, Москва, 1050; Му р а в ь ёва Д. А., Г а м м е р м а н А. Ф., Тропичес­кие и субтропические лекарственные растения, Москва, 1974.

С. Ю. Юнусов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …