Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУРАККАБГУЛХО

МУРАККАБГУЛХО

murakkabgulhoМУРАККАБГУЛХО (Asteraceae Compositae), оилаи растанихои ду- палларо гуянд. Дар тамоми кураи Замин кариб 25 хазор намудашон мавчуд аст. Аксарияти Мураккабгулхо растанихои алафианд. Дар арзхои муътадил Мураккабгулхои нимбуттаю бутта ва дар тропи­ки буттаю дарахт бештар меруянд. Мураккабгулхои оби, ботлоки ва лиана каманд. Мураккабгулхо баргхои паи хам, баъзан ру ба ру чойгиршуда, хушагули сабатак доранд. Гули Мураккабгулхо бекосабарг, гардбаргаш 5-то, гуракаш поёнии якхонаги буда, гинесеяш аз 2 мевабарг иборат аст. Дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР кариб 225 чинс ва зиёда аз 3,5 хазор намуди Мураккабгулхо маълуманд. Дар Точикистон кариб 105 чинс ва 600 намуди Мураккабгулхо аз куххои паст то нохияхои абади бо барф пушидашуда месабзанд. Дар байни онхо намудхои чинси хоралаф (зиё­да аз 115 намуд), шибог (кариб 60 намуд), юринея (зиёда аз 30 намуд) бештар пахн шудаанд. Намудхои чинси Gerbera, Acroptilon, Echinopa, Polytaxis ва гайра (дар кадоме 1 намуд дорад) кам меруянд. Як катор Мураккабгулхо решаи гафси лундамонанд доранд. Ба онхо намудхои чинси Scorzonera, Helianthus ва гайра мансубанд. Дар бай­ни Мураккабгулхо растанихои доруи хеле бисёранд. Macалан, бобуна, дарманаи руми, косни, тархун ва гайра.

Бисёр намудхои Мураккабгулхо растанихои асаловар ва хуроки чорво мебошанд. Намудхои чинси шибог дар чарогоххои тирамохию зимистона хуроки асосии бузу гусфанд ба шумор мераванд.

Дар байни Мураккабгулхо растанихои ороиши низ хеле бисёранд. Macалан, аббоси, бахмалгул, довуди, картошкагул, киквош, мино ва гайра.

Як катор растанихои мухими хочагии кишок, ба монанди офтобпараст, маъсар, коку, косни, анганор, гвайюла ва гайра низ ба Мураккабгулхо мансубанд. Баъзе Мураккабгулхо (талха, хори морак, шири харак) алафхои бегонаи зироатанд.

Адабиёт: Цветоводство в городах и посёл­ках Таджикистана, Душанбе, 1965; Поля­ков П. П., Систематика и происхожде­ние сложноцветных, Алма-Ата, 1967.

С. Ю. Юнусов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …